Ба асари суқути чархболи нерӯҳои марзбонии Қазоқистон дар ҷануби кишвар даҳ нафар ба ҳалокат расида, се кас ҷароҳат бардоштанд.
Тавре дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Мухтор Анорбеков, муовини сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, гуфт, ин воқеа нимарӯзи сешанбеи 8 сентябр дар минтақаи марзӣ бо Ӯзбакистон рух дод.
Муовини сухангӯи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон изҳор кард, ки ин чархбол марбут ба дастаи марзбонони Сариогочи Қазокистони ҷанубист ва он 13 сарнишин дошт. Алъон корҳои наҷотдиҳии ба фалокат дучоршудагон идома дорад.
Ба иттилои Мухтор Анорбеков, марзбонҳои қазоқ бо чархбол минтақаи марзӣ бо Ӯзбакистонро аз назар мегузарониданд. Зеро ба онҳо аз ҷониби Ӯзбакистон иттилое расида буд, ки гуё дар минтақаи марзӣ 6 ҷинояткори мусаллаҳ ба Қазоқистон ва ё кишвари дигар ворид шуданианд.
Вале баъди дидбонии марз ва дар дараи Уғами ноҳияи Қазигурт фурудоии чархбол думи он ба теғаи кӯҳ бархӯрда ба фалокат дучор мегардад. Дар ин ҳолат аз 13 сарнишини чархбол се нафарашон аз он поин меафтанд ва дигарон ҳангоми таркиши чархбол ба халокат мерасанд.
Арман Асибеков, сухангӯи идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки ба се нафари аз чархбол афтода онҳо ёрӣ расониданд ва онҳоро аз минтақаи куҳӣ ба бемористони шаҳри Чимканд интиқол доданд.
Алъон сабабҳои суқути чархбол маълум нест ва тавре Мухтор Анорбеков, муовини сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, гуфт, сандуқи сиёҳи чархбол пайдо нашудааст ва шояд баъди пайдо гардидани он баъзе ҷузъиёти ин фалокат рӯшан гардад.