Вазири меҳнат: Шумори бекорон кам шудааст

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, барои ҳалли мушкили бекорӣ дар кишвар солиёни зиёд лозим хоҳад шуд.
Вай зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ба марказҳои шуғли кор бо аҳолӣ бештар аз 30 ҳазор шаҳрванд барои ҷойи кор муроҷиат кардааст, вале коре ки барои ин афрод пешбинӣ мешавад, бинобар маоши ночиз рад карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, «нисбат ба солҳои пешин теъдоди бекорон дар кишвар кам шудааст. Муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор мераванд, онҳоро бекор гуфта намешавад. Онҳо соҳиби кор мешаванд».

Муассисаҳои байнулмилалӣ шумораи шаҳрвандони воқеан бекорро аз 500 ҳазор зиёд унвон мекунанд. Аммо омори расми дар Тоҷикистон то ҳудуди 50 ҳазор таъид мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион қувваи кории Тоҷикистон мардикори бозори меҳнати Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Мизони рӯ ба болои таваллуд, набуди ҷои кор, маоши ночиз, афзоиши нерӯи кории деҳот дар қиёс бо шаҳр, вазъи шуғли аҳолиро мушкилтар кардааст...
Иддае аз ин қишри аъзами бекори Тоҷикистон дар дохили кишвар ҳам барои хеш пайи дарёфти кор мебошанд. Дар шаҳри Душанбе, ба истилоҳ, чандин марказҳои коргарони кирояи омодабош фаъолият дорад. Ин марказҳо асосан дар назди бозорҳои шаҳр мавҷуд буда, ҳар рӯз дар онҳо беш аз 60-80 нафар корҷӯён интизори корфармоёни кироя мебошанд.

Зимни сӯҳбат ин афрод иброз доштанд, ки ҳар рӯз 11 соат аз субҳ то шом интизори корфармо мебошанд. Ва ҳар рӯз ба андозаи 15-20 сомон музд ба даст меоранд. Иддае аз ҳамсӯҳбатонам гила карданд, ки баъзе рӯзҳо қути лоямуте ҳам ба даст намеоранд.

Маҳмуд, яке аз ин мардикорон, мегӯяд, 10 сол инҷониб дар шаҳри Душанбе ба мардикорӣ машғул аст, вале ягон дафъа ба марказҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат накардааст ва ба ин гуна марказҳо боварӣ ҳам надорад.

Мизони рӯ ба болои таваллуд, бекорӣ, набуди ҷои кор, маоши ночиз, афзоиши нерӯи кории деҳот дар қиёс ба шаҳр, вазъи шуғли аҳолиро мушкилтар кардааст. Муасиссаи таҳлилии Иттиҳоди Аврупо меафзояд, нерӯи ҷавон пас аз хатми мактаб ва донишгоҳ барои дарёфти ҷои кор мушкил мекашад ва ночор мешавад барои кори сиёҳ аз кишвар хориҷ шавад.

Абдулло, як ҷавоне, ки аробакашӣ мекунад, мебоист имсол дар синфи 11 мехонд, вале ӯ мегӯяд, ки 4 сол боз ба ин шуғл машғул аст ва аз ин ҳисоб таъминоти иқтисодии оилаашонро кам ҳам бошад мепӯшонад. Вай гуфт, «дар як рӯз то 30-40 сомон меёбем».

Дар ҳоли ҳозир раванди нерӯи қобили кор аз нерӯи корӣ амалан дар Тоҷикистон чанд дар сад боло аст. Ба гуфти Шукурҷон Зуҳуров, якуним миилион аҳолии бекори кишвар мавсиман ба кор ҷалб карда мешаванд.

Гуфта мешавад, барои он ки афзоиши шуғли аҳолӣ на камтар аз 7 дарсадро дар бар гирад, бояд марказҳои ҳизфи шуғли аҳолӣ ақаллан ҳар сол 150 ҳазор ҷои нави корӣ эҷод кунанд, ки ин имкон медиҳад. Аммо ин вазъ дар ҳоли ҳозир сифру аз дар нуҳ дарсад мебошад, яъне 8 дарсад камтар аз мизони зарурист.

Ба навиштаи муассисаи таҳлилии Иттиҳоди Аврупо, фақру нодорӣ ва поин рафтани сатҳи зиндагии мардум Тоҷикистон як падидиаи навро дар бозори кори кишвар ба вуҷуд овардааст, ки ин ворид шудани нерӯи кории хурдсолон мебошад. Аз ҷумла 2,7 дарсад кӯдакони синни аз 12 то 14-сола ҳамчун нерӯи кироя ҷалб шудаанд, ки дар як ҳафта 40 соат кор мекунанд.

Меҳнати хурдсолон бештар дар деҳот ба чашм мехӯрад. 97 дарсади кӯдаконе, ки ҳамчуни нерӯи кироя ҷалб шудаанд, дар деҳот зиндагӣ мекунанд.