Ҷавонон ва шебу фарозҳои касби савод

Синфхонаи мактаби яке аз деҳоти ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон

Дар миёни насли ҷавони Тоҷикистон як раванди нобаробари гоҳе чашмрасу босуръат ва дар мавриде пурмушкилу печидаи касби савод мушоҳида мешавад.
Бар тибқи таҳлилҳои коршиносони маҳаллӣ, эҳтимол меравад, ки феълан дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди 80 дарсади ҷомеа соҳиби савод бошанд ва ин мизон назар ба нишондодҳои даврони шӯравӣ, ки аз 99 дарсад ҳам бештар будааст, камтар аст.

Фирӯз Саидов аз Маркази таҳқиқоти стратегӣ мегӯяд, савияи дониши насли ҷавони Тоҷикистон дар муқоиса бо нӯҳ соли пеш ҷиддан тағйир ёфтааст. Вай меафзояд, вақтҳои охир дараҷаи саводнокӣ ва ҳузури атфол дар мактабро ба давраҳои то соли 2000-ум ва баъди он ҷудо мекунанд ва аз рӯи ин марҳилабандӣ вазъ дар нӯҳ соли охир нисбатан беҳтар шудааст.

Таъсири мусбии муҳоҷирати корӣ

Оқои Саидов гуфт, сабаби ин дар афзоиши равандҳои муҳоҷирати корӣ ва дарки амиқтари аҳамияти саводу маърифат аз ҷониби бахши азими ҷомеа мебошад. Вай афзуд, ки мардум ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар дарк мекунанд, ки таҳсили фарзанду саводи хуби ӯ сармоя ба ояндаи ин хонавода мебошад.

Тахминан 20-25 фоизи даромадҳои муҳоҷирони корӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши фарзандони муҳассилашон ва ба мактабравиву омӯзиши онҳо сарф мешавад ...
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов "тахминан 20-25 фоизи даромадҳои муҳоҷирони корӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши фарзандони муҳассилашон, ба мактабравиву омӯзиши онҳо сарф мешавад".

Харҷи хонаводаҳо ба таҳсили фарзандон дар мактабҳо вобаста ба сокини манотиқи шаҳру рустонишин буданашон тафовут дорад: дар оилаҳои шаҳрӣ, ки ду-се тифли мактабхон доранд, гуфт вай, тақрибан 25-30 фоизи буҷаи оилавӣ ба таҳсил сарф мешавад. Дар деҳоту русто ин бахши хароҷот то 10 дар садро ташкил медиҳад, ки маъмулан барои сару либос ва ашёи хониши кӯдак равона мешавад.

Кӯдакони маҳрум аз таҳсил

Вале бо ин вуҷуд, камбизоативу дастнигарии хонаводаҳои зиёд боиси он шудааст, ки бар тибқи иттилои Вазорати маориф, беш аз 50 ҳазор кӯдаки мактабхон баъди синфи нӯҳ аз таҳсил дар канор мемонанд, 70 дарсади онҳо духтарҳо мебошанд.

Рӯзи 8 сентябр, ки бо ташаббуси дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф (UNESCO) ҳамчун рӯзи савод таҷлил мешавад, бори дигар ба сатҳи маълумотнокии мардум дар саросари ҷаҳон муроҷиат шудааст.

Беш аз 50 ҳазор кӯдаки мактабхон баъди синфи нуҳ аз таҳсил дар канор мемонанд, ки 70 дарсади онҳо духтарҳо мебошанд ...
Сабин Кюб аз дафтари UNESCO дар Париж мегӯяд, "бар тибқи охирин маълумот, феълан дар сарори ҷаҳон ҳамоно 775 миллион калонсол бесавод ҳастанд, ки 16 дар сади ҷомеаи ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Аз ин миён аз се ду ҳиссаашонро занон ташкил медиҳанд. Бар иловаи ин, мо ҳисоб кардем, ки 75 миллион кӯдак дар мактаб таҳсил намекунанд".

Аксари ин мардум дар давлатҳои африқоӣ ва Осиёи ғарбӣ ба сар бурда дар ин давлатҳо беш аз 50 дар сади калонсолон бесавод мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки ин афрод аслан хонда, навишта ва ҳисоб карда наметавонанд.

Дар Тоҷикистон ҳам мизони таваҷҷӯҳ ба таҳсил, вобаста ба минтақа, тафовут доштааст: дар ин рейтинги шартӣ, мегӯяд Фирӯз Саидов, ҷои аввалро сокинони Бадахшон бо дараҷаи баланди таваҷҷӯҳ ба таҳсилу хониш ишғол карда баъдан вилояти Суғд қарор доштааст. Вале дар минтақаҳои Хатлону водии Рашт бо масъалаи ҷалби хонандаҳо ба таҳсил мушкил зиёд будааст, ба вижа дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва баъди он.

Мардикорӣ ба ҷои мактаб?


Вай гуфт, тамоюли тоза ва нигаронкунанда дар ҷомеаи кишвар ин аст, ки ҳамакнун дар бархе ҳолатҳо на фақат духтарҳо, балки писарҳои наврас ҳам мактаби миёнаро пурра хатм намекунанд.

Оқои Саидов мегӯяд, "лекин солҳои охир вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ як проблемаи дигар пайдо шудааст: агар солҳои пеш дар бисёр ҷойҳо духтарҳо ба мактаб намерафтанд, ҳозир баъзан дида мешавад, ки писарҳо ҳам ба мактаб намераванд. Аллакай баъди синфи ҳафту ҳашт онҳо бо падару модар ё бародаронашон ҳамчун муҳоҷир ба хориҷи кишвар барои кор мераванд. Ин проблема аллакай дар миёни писарҳои наврас пайдо шуда истодааст".

Сабаби аслӣ агар дар бебизоатии хонаводаҳо ва бекории волидон бошад, иллати дигари аз таҳсил дар канор мондани атфол дар норасоии омӯзгорон гуфта мешавад. Маоши каму нокофӣ боиси аз кори мактаб дилсард шудани омӯзгорони зиёд, ба вижа дар деҳот шудааст, гуфт коршинос.

Дар миёни дигар сабабҳо таваҷҷӯҳи афзояндаи бархе хонаводаҳо ба тарбияву таълими исломии фарзанд ва бартарӣ додани онҳо ба таҳсили писар назар ба духтар ҳам номбар мешавад. Ин сабаб мешавад, ки дар рустоҳо гоҳо то 50-60 дарсади вақти кӯдакон дар кори саҳро сарф шавад, мегӯяд вай. Барои атфоли деҳоту русто дар давоми сол фақат 4-5 моҳ рӯшан будани барқ аз монеаи сахти дигар барои таҳсил маҳсуб мешавад.

Дар ҷустуҷӯи роҳҳали мушкил

Сабин Кюб аз СММ мегӯяд, ки дар чунин ҳолат ҳарчанд ҳам кори давлат барои дубора барқарор кардани низоми маориф чандон осон ба назар намерасад, вале тавассути барномаҳои вижаи алтернативӣ мешавад атфолро ба мактабу дарс ҷалб кард. Вай гуфт, бархе давлатҳо таҳсили ибтидоии атфолро дар шароити хона таъмин карда, баъдан дар ҳолати омода шудани онҳо ба синфҳои маъмулии мактабҳои миёна ҷалб мекунанд.

Сабин Кюб афзуд, "саводнокӣ як василаи эътимод ба шахсият аст, ки маънояш рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башарӣ аст. Саводи ибтидоӣ шарти аслии рушди минбаъдаи инсон, таҳсили вай дар оянда мебошад. Инчунин, савод яке аз шартҳои аслии маҳви камбизоативу коҳиши маргу мири атфол, дастрасӣ ба баробарии ҷинсиятӣ, рушди боэътидол ва демократия дар ҷомеа мебошад".