Қарор аст, ки теъдоди синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии вилояти Ботканди Қирғизистон ба чанд адад афзоиш ёбад.
Аз ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди ин кишвар хабар расид, ки дар мактаби ба номи Абӯабдулло Рӯдакии деҳаи Учқӯрғон як гурӯҳ кӯдакон дубора ба синфе ворид шуданд, ки таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат мегирад.
Ба гуфтаи Мавлонҷон Шарифзода, яке аз рушанфикрони тоҷики муқими ин ноҳия, ки гуфта мешавад, дар ифтитоҳи синфҳои тоҷикӣ заҳмати зиёд мекашад, синфи якуми тоҷикӣ дар ин мактаб баъди танаффуси ёздаҳсола дубора кушода шуд.
Мавлонҷон Шарифзода мегӯяд, «баъди бад шудани вазъият дар Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта мардуми мо дар ними роҳ монд ва намедонист, ки фарзандонашон таҳсилро баъд аз мактаби миёна дар куҷо давом хоҳанд дод, чунки онҳо мактабро ба забони тоҷикӣ тамом мекарданд, вале ба макотиби олии Бишкек ва Фарғонаву Тошканд дохил шудани онҳо мушкилоти зиёд эҷод карда буд. Барои ҳамин бо хоҳиши падару модарон таълими синфҳои тоҷикӣ ба русиву узбакӣ гардонда шуд».
Оқои Шарифзода ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ин авохир робитаҳои фарҳангии Қирғизистон бо Тоҷикистон хеле хуб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ба донишгоҳҳо шомил кардани фарзандони тоҷиктабори Қирғизистон ибрози омодагӣ кардааст ва чун солҳои шӯравии собиқ сол аз сол сафи донишҷӯёни тоҷик аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии кишвараш дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Вай гуфт, «ҳамагӣ чанд рӯз пеш як гурӯҳ хатмкунандагони мактабхои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон бо квота дохил шуданд. Ин ҳодиса дили мардуми моро аз нав гарм кард ва акнун онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки баъди хатми мактаби тоҷикӣ фарзандони онҳо дар дуроҳа намемонанд ва метавонанд ба институт ва университетҳои Тоҷикистон дохил шаванд».
Мавлонҷон Шарифзода ёдрас намуд, ки соли гузашта дар мактаби ба номи устод Ҷомии ноҳияи Қадамҷой синфи якуми тоҷикӣ кушоданд ва
ҳоло омӯзгорони мактаби миёнаи ба номи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Қадамҷой низ дар тараддуди кушодани синфи якуми тоҷикӣ ҳастанд. Ва беш аз даҳ хонаводаи тоҷик кӯдакони худро ба ин синфи тоҷикӣ доданианд.
Ҳамзамон тӯҳфаи сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон дар арафаи соли нави хониш ба дасти кӯдаконе расид, ки ба синфи якуми тоҷикии мактаби миёнаи ба номи устод Рӯдакӣ қадам мондаанд. Ба гуфтаи Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, вай талош ба харҷ хоҳад дод, ки соли оянда низ дар мавриди қабули хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои кишвараш мусоидат намояд. Сафири Тоҷикистон гуфт, кумак ва пуштибонӣ аз тоҷикони бурунмарзӣ яке аз самтҳои фаъолияти ҳукумати кишварашро ташкил мекунад.