Талаби таҳқиқи обанборҳои Норак ва Тӯхтагул

Сарбанди обанбори Норак

Фаъолони зистмуҳитии Узбакистон хостори таҳқиқи амнияти нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Тӯхтагул шудаанд.
Бо ишора ба садамаи марговар дар нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шушенски Русия, як созмони зистмуҳитии Узбакистон ба омӯзиши ҳолати фаннии нерӯгоҳҳои барқи обии Нораки Тоҷикистон ва Тӯтагули Қирғизистон даъват кардааст.

Борий Алихонов, раиси кумитаи иҷроияи Ҷумбиши экологии Узбакистон, дар Тошканд ба хабарнигорон гуфт, нерӯгоҳҳои Норак ва Тӯхтагул тақрибан ҳамсоли нерӯгоҳи Саяну Шушенски Русия мебошанд ва фалокат дар Русия мардуми Узбакистонро нигарон кардааст.

Вай афзуд, бояд ин ва ҳамаи обанбору нерӯгоҳҳои минтақа мавриди санҷиши ҳамаҷониба ва дақиқ қарор бигиранд. Сарбанди обанбори Норак баландтарин дар ҷаҳон буда, ба 310 метр баробар аст ва баландии сарбанди нерӯгоҳи Тӯхтагул дар Қирғизистон 215 метрро ташкил медиҳад.

Изҳороти фаъолони ҳифзи муҳити зисти Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, нерӯгоҳи Норак ҳамеша мавриди назорати мутахасисин қарор дорад ва таҷҳизоти фаннии нерӯгоҳ низ қариб ки пурра аз нав карда шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» иддаои созмони Узбакистониро такзиб карда гуфт, ки дар бораи ин пешниҳод хабари расмӣ надорад. Вале бо вуҷуд ӯ афзуд, ки нерӯгоҳи Норак хатарафзо нест ва ҳар сол агрегатҳои он нав карда мешавад.

Сухангӯи «Барқи тоҷик» афзуд, «аксарияти нерӯгоҳҳои Тоҷикистон мо бо нерӯгоҳҳои Русия тавъам сохта шуда буд ва дар онҳо таҷҳизоат низ якхела насб шудааст. Имрӯз мутахассисони «Барқи тоҷик» тамоми сабаб ва оқибатҳои нерӯгоҳи Саяно-Шушенск пурра омӯхта шудааст. Айни ҳол аз ҳисоби мутахасисони варзида Комиссяи махсус таъсис дода шудаст ин комиссия тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳҳоро дар бобати таъмини этимоднокӣ ва бехатарии фаъолияти онҳоро санҷида истодаанд. Дар тамоми нерӯгоҳҳо меъёри кор пурзур карда шудааст».

Узви Кумитаи экологияи парлумони Тоҷикистон Холназар Маҳмадалиев пешниҳоди тафтиши садҳои обӣ аз тарафи Узбакистонро беасос хонда мегӯяд, ки неругоҳи Норак ҷавобгӯи меъёрҳои амниятӣ мебошад.

Суханони Холназар Маҳмадалиевро Анвар Зоиров, муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, тақвият дода, гуфт, ки иддаои ҷониби Узбакистон асос надорад.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин мавқеъгирии давлати Узбакистон бо Тоҷикистон дар масоили энержии нест. Узбакистон ҳамчунин борҳост, мухолифаташро ба бунёди обанборҳои нав дар кишварҳои болооб изҳор доштааст. Тоҷикистон ҳадаф дорад, барои ҳалли мушкилиҳои энержии худ нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба итмом расонад.

Бозорбой Манбетов, таҳлилгари қирғиз ин ишораи Узбакистонро гардиши нави сиёсӣ унвон карда гуфт, ки ин кишвар намехоҳад, ки ҳамсояҳояш вазъи беҳтаре дошта бошанд.

Рӯзи панҷшанбе, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар конфронси байнулмилалии тағйири иқлим дар Женева зимни даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сармоягузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун гуфт, кишвараш ба баргузории таҳқиқи байнулмилалии ин тарҳ мухолифат надорад. Тоҷикистон камбуди об дар Узбакистонро ба сабки шӯравии истифодаи об дар зироткакорӣ ва талаф шудани он бастагӣ медиҳад.