Дар феҳрасти ашрофзодаҳои рус, ки дар ростои соли нави хониш аз сӯи маҷаллаи «Финанс» нашр шудааст, унвони "сарватмандтарин меросбар" насиби Юсуф Алиакбарови 19-сола, ягона писари мудири ширкати нафтии "Лукойл" Вагит Алиакбаров гашт. Юсуф бо дороии беш аз ҳафт миллард доллар дар мақоми аввали ин рейтинг қарор гирифт. Ду соли қабл ӯ ин мақомро бо 12 миллард доллар касб карда буд.
Ба навиштаи маҷалла, бӯҳрони саросарии молӣ боиси муфлис ва аз рӯйхатҳои афроди сарватманд берун шудани бархе аз олигархҳову сарватмандони бузурги ин кишвар шуда, рейтинги меросбарони онҳоро ҳам ба куллӣ тағйир дод. Барои мисол, Петр ва Марина Дерипаскаҳо, фарзандони панҷ ва ҳафтсолаи Олег Дерипаска, ки соле қабл дар сафи аввали раддабандии сарватмандони хурдсол қарор доштанд, имсол мисли падарашон чанд зина поин рафта, дар ҷои 13-уми рейтинг қарор гирифтаанд. Дороии Дерипаска бинобар ҳисоби маҷаллаи «Финанс» 10 маротиб коҳиш ёфтааст.
Вале дар ин рейтинг исми панҷ меросбари сарватманди дигари рус, яъне фарзандони Роман Абрамович баръакс якбора 32 зина боло рафтааст. Онҳо мутаносибан дар раддабандии сарватмандони хурдсол мақоми ду то панҷумро касб кардаанд.
Дар феҳрасти тозаи ашрофзодаҳои рус имсол ҳамчунин исмҳои навро дидан мумкин аст, ки дар гузашта шинохта нашуда буданд.
Аммо бо вуҷуди нашри ошкорои исми атфоли сарватмандтарини Русия ба навиштаи маҷаллаи «Финанс», боз ҳам аксар миллионерҳо аз фош шудани ҳувияти худу исми меросбаронашон ба ин шакл худдорӣ мекунанд. Ин ҷо, мегӯянд коршиносон, эҳтимолан ҳамон нигарониҳои амниятиву ҳуқуқӣ пеши роҳи падарон мешавад, ки аз ошкор кардани дороиҳои худ андеша мекунанд.
Бо мутолиаи ин феҳраст дар зеҳни кас суоле чарх мезанад, ки меросбарони сарватманди тоҷик киҳоянд ва шеваи зиндагии онҳо чи гуна аст ё оё дар воқеъ Тоҷикистон олигаррху миллиардер дорад? Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик мегӯяд, аксар сарватмандони Тоҷикистон афродеанд, ки молу амволи худро замони бесарусомониҳои солҳои 1990 ҷамъоварӣ кардаанд ва ғолибан онҳо аз ифшои дороиҳои худ ва ҳамчунин ошкор кардани вазъи фарзандони худ меҳаросанд.
Барои ошкор ва муайян кардани ҳувияту дороиҳои сарватмандони тоҷик то ба ҳол ба таври ошкоро ягон феҳрасту рейтинге анҷом нашудааст, чӣ ҷои таҳқиқоти молии вижа, ки мисли Ғарб дастраси ҳамагон бошад. Аммо дар як раддабандие, ки ду соли пеш аз сӯи хабаргузории "Авасто" таҳия шуда буд, номи 100 фарди сарватманди тоҷик муаррифӣ шуд, ки аксаран мансабдорони тоҷик аз ҷумла президент, вазирон ва вакилони парлумон буданд.
Доротарин ашхоси Тоҷикистон дар ин феҳраст бо назардошти шеваи зиндагӣ, рафтор ва обурӯву эътиборашон муайян гардиданд. Ба навиштаи муҳаққиқони «Авасто», ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус, мансабдорон дар баробари пинҳон доштани дороиҳои шахсӣ, ҳамчунин кӯшиш мекунанд аз ифшои ҳар гуна иттилоъ роҷеъ ба фарзандону аҳли хонаводаи хеш низ худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи аксар ҳамсӯҳбатони ҷавони мо, ҳамсолони сарватмандашон бо гурӯҳи маҳдуди ба худ мувофиқ равуо мекунанд ва шеваи зиндагӣ, рафтору гуфтори онҳо аз ҷавонони маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Барои мисол, онҳо дар кӯча кам сайру гашт карда аз нақлиёти мусофирбар истифода намекунанд ва аксаран қимати як пероҳан ё пойафзоли онҳо гаронтар аз тамоми либоси аҳди хонаводаи як ҷавони миёнаҳоли тоҷик бошад. Ин ҳама боиси аз ҳамсолони оддиашон дур шудани ин ҷавонҳои бойбача мешавад.
Беҳзод, як ҷавони тоҷик, дар ин замина чунин мегӯяд, фарзандони оилаҳои доро ба дигарон бо як таккабур нигоҳ мекунанд ва ҳар як галстуке, ки масалан фарзанди вазир мепӯшад, шояд як бачаи камбағал дар як сол маблағи онро дарёфт карда натавонад. Бархе бар инанд, ки ғолибан худи волидайни сарватманду мансабдор ҳам фарзандони худро дар чунин руҳия тарбия мекунанд.
Аммо хонум Фирӯза, ҳамсари вазири пешини саноат Зайд Саидов ва яке аз онҳое, ки дар феҳрасти 100 сарванди тоҷик ҳамчун "доротарин соҳибкори тоҷик" муаррифӣ шудааст, мегӯяд, се фарзанд дорад ва зиндагии онҳо аз ҷавонони маълулӣ фарқияти чандоне надорад. Онҳо дар мактаб-гимназияҳо таҳсил карда, барои харҷи ҳаррӯзаашон пули аз ҳад зиёд дода намешавад. Бону Фирӯза мегӯяд, падарашон онҳоро чунин тарбия мекунад, ки набояд аз дигарҳо фарқ кунанд, онҳо бо ҳамсолони худ дӯстӣ мекунанд, аксаран дар хона ҳастанд ва бо комютер машғул мешаванд. Ҳамсари Зайд Саидов мегӯяд, Зайд Саидов ба фарзандонаш беҳудаю баҳуда пул намедиҳад ва эҳтиёҷашонро мепурсад.
Писари бузурги Зайд Саидов Муҳаммадиқбол, ки феълан дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар Лондон аст, илми сиёсатшиносиро мехонад. Хонум Фирӯза гуфт, орзуи падараш мисли худ соҳибкору иқтисодшиноси муваффақ шудани Муҳаммадиқбол будааст, вале интихоби ниҳоӣ аз писараш будааст, ки ба гуфтаи бону Фирӯза, бештар ба таърих ва мутолиаи адабиёти классикӣ шавқ дорад.
Аммо, ба ақидаи бархе аз мусоҳибонам, бо вуҷуди ин ки фарзандони ашхоси сарватманд ва мансабдор имконоти беҳтари моливу иқтисодӣ барои омӯзиш доранд ва дар донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои хориҷ таҳсил мекунанд, аммо на ҳама бомаърифту соҳибистеъдоданд.
Вале дар маҷмӯъ, ба гуфтаи коршинос Хилватшоҳи Маҳмуд, Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ олигарх ё ба забони оддӣ миллиардер надорад ва эҳтимол меравад, ки ҳаҷми миёнаи дороиҳои сарватмандони маҳаллӣ дар ҳудуди 10 то 15 миллион доллар аст. Вале инро ҳам кас дақиқ гуфта наметавонад.

Дар Тоҷикистон чӣ?