Афзоиши бесобиқаи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон

Бо фишори вазъи иҷтимоӣ занони тоҷик ҳарчӣ бештар ба он одат мекунанд, ки зани дувум ё севум бошанд.
«Вақте аз шавҳари аввалам ҷудо шудам 3 фарзанд доштам. Баъд ҷанг сар шуд. Дигар ҳама роҳҳо баста шуданду кор ҳам рафта намешуд. Хулоса, азоби бисёр кашидем. Бо нони қоқ ё аслан бе нон рӯз мегузарондем. Оқибат…»

Оқибат ӯ зани дуввум мешавад. Ба хотири надидани чашми гуруснаи фарзандони худ ва таъмини онҳо дар шароите, ки мардум барои нон меҷангиданд Ҷавҳарбии 35-сола маҷбур шуд, бори дигар ба шавҳар барояд. Ҳарчанд медонист, ки шавҳаршавандааш соҳиби зану фарзанд аст ва медонист, ки ӯ бо ин амалаш метавонад боиси бадбахти зани дигаре шавад, аммо барои Ҷавҳарбӣ он замон муҳим чизи дигар буд, раҳоии фарзандон аз гуруснагӣ.

«Бой ҳам набуд, танҳо комбайн дошт, гандум медаравид ва гӯё ба хотири ҳамин гандум бо ӯ издивоҷ кардам. Бо ҳамсари аввалааш ҳам шинос шудем. Албатта, дар аввал нороҳат шуд, ҳатто гиря кард, аммо оҳиста оҳиста одат кард, ҳоло муносибатамон хуб аст ва рафтуомад дорем.»

Аслан таъбири зани дуввум ва падидаи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандиву гуруснагӣ ва кушта шудани даҳҳо ҳазор марду танҳо мондани занону духтарони зиёд маъруфияти бахусусе пайдо кард. Аммо ба ақидаи коршиносон ин раванд имрӯз тамоюли рӯ ба афзоишро касб карда, торафт маъмултар мешавад.

Омори дақиқе дар Тоҷикистон пиромуни бисёрникоҳӣ вуҷуд надорад, вале Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии «Перспектива плюс», ки як барномааш бевосита ба масъалаи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, мегӯяд, бар асоси муроҷиату сӯҳбатҳо бо занон мушоҳида мешавад, ки мавориди дузанагии мардон ба фарқ аз солҳои пеш ба хусус дар шаҳр густариш пайдо кардааст. Ойниҳол Бобоназарова меафзояд, ин ақида, ки аксаран занони бесавод зани дуввум мешаванд, нодуруст аст. Ӯ мегӯяд, феълан аксари заноне ҳам, ки ба никоҳи дуввуми мардон медароянд, занони соҳибмаълумотанд.

Омилҳои афзоиши бисёрзанӣ дар Тоҷикистон ба қавли хонум Бобоназарова хеле зиёд аст, аз ҷумла коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати қариб саросарии мардҳо, мушкилоти иқтисодии ҷавонмардони дар ватан боқимонда, ки қудрати молии издивоҷро надоранд. Ойниҳод Бобоназарова мегӯяд, ин ҳама занону духтарони тоҷикро дар як шароити бидуни интихоби зиёд қарор медиҳад, ки онҳо ночор барои зани дуюму сеюм шудан розӣ мешаванд.

«Мо дар ин мавзӯъ бисёр мизҳои мудаввар дойир мекунем ва масалан баъзе мардон мегӯянд, хайр ана мо зани дуввум намегирем, занҳои бисёре бешавҳар мондаанд, онҳо чӣ кор мекунанд? Ва худи духтарҳо ва занҳои дуввуму саввум ҳам ҳаминро ба мо гуфтанд, онҳо мегӯянд, ки 2 роҳ ҳаст, ё мо зани дуввум мешавем ва он мард моро таъмин мекунад ё фоҳиша мешавем, чун ҷои кор нест ё бошад ҳам бо маоши ночиз наметавонем зиндагии худро пеш барем.»

Ин ҳама дар ҳолест ки бисёрзанӣ дар Тоҷикистон ба истилоҳ “статъя” дорад. Моддаи 170-уми қонун барои мардоне, ки ду ё бештар зан доранд, ҷаримаи то 2000 маоши ҳадди аққал ё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо ин қонун феълан дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ба муҷозот кашидани мардон мушкилро ҳал намекунад, баръакс ба қавли ӯ занону фарзандони марди маҳкум қурбони вазъият мешаванд.

« Фарз кардем, занҳо шикоят мекунанд, мард меравад дар маҳбас 1 ё 2 сол мешинад ва вақте озод шуд ҳар ду занашро пеш карда, як духтари 18 соларо мегирад. Ин воқеан як гиря ҳаст. Аммо имрӯз чӣ парлумон ва чӣ ҳукумат чашмро мепӯшанд. Масалан, худи маро бештар аз ҳама дар ин маврид кӯдакони аз занҳои якум ё дуввуму саввум, ки баъдан дар кӯча мемонанд ба ташвиш овардааст.»

Барои баъдан дар кӯча намондани зану фарзанди аввал ё дуввуми мард ва бештар кардани масъулияти мардон дар назди хонавода бархе қонунӣ кардани бисёрзаниро пешниҳод мекунанд. Аммо Маърифат Шокирова як масъули кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, феълан ҷомеаи Тоҷикистон ба хусус қишри зан ба ин омода нест ва қонунӣ сохтани бисёрзанӣ пайомадҳои манфие, чун боз ҳам бештар шудани мавориди худкушии занону зиндаятим мондани кӯдаконро ба дунбол хоҳад овард.

«Фақат як ҳафта дар шӯъбаи мо омода шинед мебинед, ки чӣ қадар занҳои якум ё дуюм бо ашки чашму гиря меоянд. Имрӯз на мардҳои мо барои зани дуюмум гирифтан тайёранд ва на занони мо омодаанд дар радифи худ зани дигарро бинанд. Яке аз сабаҳои афзоиши худкушиву худсузӣ ҳам ҳамин ба никоҳи худ даровардани зани дигар ҳаст, ки занҳои аввал ба ин тоб намеоранд. Ва албатта, вақте бесаробонӣ, бехонаву дарӣ ҳаст ҳаммаи ин як хатарҳои ҷиддии нав ба навро эҷод мекунад.»


Шунидани хабари издивоҷи дуюми шавҳар дар аксар оилаҳо боиси шурӯъи ихтилофу ҷанҷол шуда, зани аввалро ба фишори равонӣ гирифтор мекунад, вале дар ниҳоят аксари ин занон ба тақдир тан додаву зиндагиро бо шавҳарони худ дар чунин муҳит идома медиҳанд.

Зайнура, як мусоҳибам мегӯяд, чанд сол пеш, вақте аз боғчун ё палонҷ доштанаш огоҳ шуд, шабҳои зиёдеро бо гиря рӯз кард ва барои дубора ба хона баргардонидани шавҳараш ҳам хеле мубориза бурд ва билохира ҳамсарашро баргардонд, аммо мегӯяд, ҳоло саломатиашро наметавонад баргардонад.

«Вақте шавҳар зани дигар мегирад аз як тараф рашк, аз сӯи дигар фикри ояндаи зиндагӣ касро азоб медиҳад. Масалан вақте шавҳари ман ҳам зани дуюм гирифт ман бисёр гиря мекардам ва албатта вақте зан нороҳат мешавад ин ба тарбияи фарзандон ҳам таъсири бад мерасонад ва худи зан ҳам ба касалҳои мухталиф гирифтор мешавад. Ман бо вуҷуди ҳамма мушкилҳо ба хотири фарзандонам тоқат кардам ва зиндагиам ҳоло хуб аст, шавҳарам ҳам бо мо ҳаст, аммо мутаасифона саломатиамро аз даст додам.»

«Дар дини ислом доштани то 4 зан равост». Ин як далели дӯстдоштаи аксар мардони серзан аст, ки дар ҳолати лозим аз худ бо ин гуфта дифоъ мекунанд. Саидбек Идиев имом-хатиби яке аз масоҷиди Душанбе мегӯяд, ислом дар воқеъ ин иҷозаро медиҳад, аммо бо чанд шарти мушаххас, ки на ҳамеша мардони зангир муроот мекунанд.

«Аксар мардон ҳуқуқи занро намедонанд, аммо занон ҳуқуқи бисёре болои мардон доранд. Масалан шумо метавонанд чанд никоҳ дошта бошед 1 ё 4 зан гиред, аммо қабл аз он хуб фикр кунед, ва агар хавф баред, ки шумо азм ва таъмин карда наметавонед пас бо як зан иқтифо кунед. Зан барои мастӣ нест. Ӯ аз барои таносул ва нигаҳбонӣ аст, зан ин нест, ки ӯро ба никоҳ дароварда баъдан беэҳтиромӣ карда партоед.»

Ба ақидаи Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқшиноси тоҷик раҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива плюс», қонуни марбут ба бисёрзанӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳот зарурат дорад, аммо бо ин ҳама меафзояд ӯ, то замоне, ки Тоҷикистон гирифтори мушкили иқтисодист ва муҳоҷирати мардонаш ба кишварҳои хориҷӣ идома мекунад, бо ягон роҳу талоше наметавон пеши роҳи зани дуввуму саввум шудани занону духтарон ва бисёрзании мардонро гирифт.