Гардиши номҳо дар масири айём

Осорхонаи шаҳри Амстердам

Исми пайғамбари ислом Муҳаммад солҳои охир дар Ҳолланд ба яке аз маъруфтарин номи писарона табдил ёфтааст.
Ин ном дар чаҳор шаҳри Ҳолланд, ки аққалияти мусалмони он то рафт бештар мешавад, афзоиш пайдо кардааст. Бо нашри ин хабар як сомонаи интернетӣ мегӯяд, ки сокинони шаҳрҳои Амстердаму Роттердам ва Ҳейгу Утреҳт дар раддабандии маъруфтарин номҳои вақтҳои охир ҷои исмҳои то ҳол серистеъмоли мисли Яну Люку Гийсу Даан шаклҳои мухталифи исми Муҳаммад пайғамбар танг кардааст.

Аммо оё ин падида танҳо хоси ин кишвари аврупоӣ аст? На, мегӯянд бархе мусоҳибони радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ва меафзоянд: бо бештар мазҳабӣ шудани ҷомеа ва маҳбубияти афзояндаи бархе филмномаҳо салиқаи номгузории мардум ҳам дигар мешавад.

НОМ, ЛАҚАБ, ТАХАЛЛУС

Дар тӯли таърих муҳаққиқони зиёд чӣ дар Шарқу чӣ дар Ғарб таърихи номҳои инсониро омӯхта дар бораи заминаҳои пайдоиши маҳалли ҷуғрофии он, мафҳуму маънои он ва ҳатто таъсири ҳар ном ба сарнавишти соҳибаш таҳқиқоти бисёр анҷом додаанд.

Як муҳаққиқ дар заминаи исмҳои аврупоӣ, масалан, гуфтааст, ки дар замони гузашта маъмулан касбу кори кас метавонист
Аксе аз филми дар Тоҷикистон машҳури "Юсуф - паёмбар"
таъинкунандаи исми хонаводаии шахс шавад, барои мисол, Умари Хайём ва ё маҳалли таваллуди ӯ баъдан ҳамчун номи падарии шахс қабул мешуд, мисли Ҳофизи Шерозиву Ҷалолиддини Балхӣ. Инро ҳар як хонандаи мактаб ҳам медонад.

Вале аксар муҳаққиқону донишмандони замони имрӯз, аз ҷумла дар Тоҷикистон омилҳои дигар, мисли мӯд ё таҳаввулоти иҷтимоиву фарҳангиро як сабаби дигари таваҷҷӯҳи ҷомеа ба номҳои нав баён мекунанд.

Масалан, имрӯз таъсири як филме мисли "Юсуфу Зулайхо" дар зеҳни мардум назар ба китобҳои зиёди таърихӣ барҷастатар аст. Дар чанд моҳи гузаштаи баъди намоиши ин филми сохти эронӣ волидони зиёд исми писарҳои худро Юзорсифу духтарҳои худро Зулайхо гузоштанд. Аз сӯи дигар, бо таҳкими арзишҳои мазҳабӣ дар ҷомеа номгузории атфол бештар ба шаклҳои арабӣ ё исломӣ сурат гирифта, мегӯянд, ки волидони замонавӣ мехоҳанд дар хонадонашон Муҳаммаду Алӣ ва Абӯбакри худро бубинанд.

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ НОМГУЗОРӢ

Донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърих таҳаввулоти зиёдро дар ин замина шоҳид шудааст. Агар дар давраи бостонӣ исмҳои ориёӣ ҳамчун номҳои миллӣ қабул шуда бошанд, "бо оғози давраи исломият номҳои арабӣ зиёд шуданд".

Донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ
Аммо исмҳои эронии қадимии мисли Рустаму Манучеҳр, мегӯяд ин донишманд, ҳамеша дар фарҳанги тоҷикӣ боқӣ мондаанд. Дар давраи шӯравӣ, ба ҷуз исми аҳли зиёву фарҳанг, шоирону нависандагон номҳои хонаводаии аксар мардум пасванди русии "-ов"-у "-ева" гирифт, ки дар асноди наслҳои даврони шӯравӣ то ҳол ба ҳамон сурат боқӣ мондааст.
Вале имрӯз, мегӯяд Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар номҳои шахсӣ таъсири Эрону Афғонистон, бешубҳа, барҷаста мебошад.

Вай мегӯяд: "Ҳоло дар Тоҷикистон номгузорӣ шакли миллӣ нагирифтааст. Ҳамон шаклҳои анъанавӣ, ки дар як маврид мебинем ранги мазҳабӣ дорад, дар як мавриди дигар мебинем вобастааст ба тасаввуроти мардум, тасаввуроти бисёр оддии халқӣ вобастагӣ дорад ва ғайраву ҳоказо. Яъне сабабҳои гуногун ҳастанд, лекин сабаби иҷтимоии миллӣ ҳанӯз мавқеи асосӣ пайдо накардааст."

Оқои Шакурӣ афзуд, манзури ӯ ин аст, ки дар баробари номҳои хориҷии мисли ӯзбакиву ҳиндиву арабии маъмул ҳангоми номгузорӣ бояд исмҳои қадимаи тоҷикӣ, яъне китобӣ бештар истифода шаванд.

Ҳарчанд як навъ пешрафте дар ин замина дар солҳои охир мушоҳида мешавад, афзуд ӯ: "Сабаби миллӣ дар ин вақтҳои охир танҳо дар шакли исми хонаводаӣ зуҳур кард. Масалан ман Шукуров будам - Шакурӣ шудам. Ба шакли милливу дурусти хонаводагӣ, яъне ба шакли таърихиаш гардондам. Ҳамингуна як дигаргунӣ дар номи бисёре аз аҳли зиё дар муддати ҳамин даҳ соли охир рӯй дод. Хусусан баъди он ки президенти Тоҷикистон номи хонаводагии худро шакли миллӣ доданд: Раҳмонов буданд - Раҳмон, Эмомалии Раҳмон шуданд".

"НОМНОМА"-И АРДАМЕҲР

Шоиру нависандаи тоҷик Фотеҳ Абдулло яке аз гирдоварандагони исмҳои шахсии тоҷикӣ дар солҳои 1960-ум будааст. Вай мегӯяд, ки маҳз дар ҳамон давра дар ҷомеаи Тоҷикистон як таҳаввулоте дар номгузории мардум мушоҳида мешуд, ки ҳамчун афзоиши номҳои эронӣ ёд мешавад ва аз он чи ки солҳои 1920-1930 дидан мумкин буд, тафовути зиёд дошт.

Абдулло меафзояд: "Дар миёни мардум номҳои эронӣ нисбат ба номҳои арабӣ бартарӣ пайдо кард. Махсусан номҳои одамон, ки дар "Шоҳнома"-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ омадаанд, мавриди инояти мардум қарор гирифт. Номҳои мисли Сӯҳроб, Ҳушанг, Фаридун, Рустам, Таҳмина, Рудоба, Судоба, Манижа, Бежан… Ин номҳо деҳа ба деҳа, аз шаҳр ба шаҳр густариш пайдо кард."

Ва дар солҳои 1990-ум, бо мустақил шудани Тоҷикистон ва афзоиши бештари рӯҳияи миллатгароиву бозгашт ба асли хеш таваҷҷӯҳи волидони ҷавон ба исмҳои имрӯзаи эрониву афғонӣ дубора бештар шуд ва дар миёни атфоли хурдсол исмҳои то он замон китобиву камистеъмоли мисли Минову Шабнаму Гесӯ, Ҳумоюну Комрону Сиёвуш густариши бештар пайдо кард.

Вале дар замони имрӯз, мегӯяд Фотеҳ Абдулло, ки тахаллуси Ардамеҳрро дошт, дар ин давраи ба истилоҳ эҳёи дубораи ислом дар Тоҷикистон ва "бартарии арзишҳои мазҳабӣ бар миллӣ" салиқаи номгузории мардум ҳам ҳамонгуна таҷдид мешавад: "Эҳёи ислом бешубҳа дар эҳёи номҳои исломӣ таъсир дорад, чун мардум, ки дини аҷдодии худро эҳтиром зиёд қоил ҳастанд, ин ба зинда шудани дубораи номҳои арабиасос мусоидат кард. Ин вобаста ба он аст, ки гурӯҳе аз мардум бештар гароиши миллӣ доранд, ба номҳои эронӣ ва онҳое, ки гароиши диниашон бештар аст, ба номҳои арабӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Ин ҳамеша идома хоҳад ёфт."

Дар бархе маворид кор ҳатто ба ифрот низ кашида, бархе афроде ки номҳои тоҷикӣ, ба мисли Хуршеду Сӯҳроб ва амсоли ин доштаанд, номи худро ба исмҳои арабӣ иваз кардаанд. Рӯҳониён низ ҳарчанд ба парҳез аз номҳои тоҷикӣ даъват намекунанд, вале ба назар мерасад, ки асосан номҳои арабӣ ва ба истилоҳ китобиро ба пайравони худ тавсия медиҳанд.

Фотеҳ Абдулло мегӯяд, худи ӯ ҳам назар ба солҳои 1960-ум ҳоло ба исмҳои исломӣ бартарии бештар медиҳад ва набераашро ба тозагӣ Муҳаммадҷон ном додааст. Ба унвони исмҳои мавриди алоқаи худ Фотеҳ Абдулло аз номҳои Алиҷону Заршедаву Дилноза, Рухшонаву Парвона ёд кард. Донишманд Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфт, ки ба волидони як духтари навзоде ба тозагӣ исми Гулнозро машварат дода, ҳамчунин Дилошӯбу Дилафрӯзро барои духтарҳо ҳамчун номҳои хушсадову хушмазмун мувофиқ мебинад.

ТАЪСИРИ НОМ БА САРНАВИШТИ ИНСОН

Равоншиносону донишмандони аврупоӣ мегӯянд, ки исми инсон метавонад барои дорандаи он нақши сарнавиштсоз дошта бошад ва аз ҳамин хотир, аксарият бо нияти некиву хушбахтии ояндаи ҷигарбандашон боэҳтиёт исм интихоб мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ки тарафдори анъанаи дар гузашта маъмули ба номи ашёи табииву хонагӣ номгузорӣ кардани тифл нест, чунки рӯҳияву эҳсоси ин шахс аз кӯдакӣ шикаста мешаваду метавонад ба мавқеи ӯ дар миёни мардум таъсиргузор бошад.

Вале, тавре таърих ҳам борҳо собит кардааст, дар ниҳояти амр шахсияти инсонро на номи ӯ, балки хулқу рафтораш ташаккул медиҳад: яъне аз ду соҳиби як ном яке метавонанд шоири обрӯманди миллат бошаду дигаое ҷинояткори ашаддии давр.