Панҷ мушовири Донишкадаи такмили маълумоти касбии Бадахшон ҳамчун ғолибони озмуни Вазорати маориф ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоии кишвар пардохтанд.
Ба гуфтаи яке аз онҳо, Аъло Аҳмадбекова, ин гурӯҳ таҳияи 8 китоби таълимии забони модарӣ ва математикаро ба анҷом расонданд, ки «китобҳои дарсӣ барои насли нав» ном гирифта, пас аз чанде таълиму тадрис дар синфҳои ибтидои макотиби кишвар аз рӯи ин китобҳо ҷараён мегирад.
Вай афзуд, китобҳои нав мутобиқ ба завқ ва шуури хонандагон таҳия шуда, аз ҷиҳати ороиш ва сифати чоп низ фарқ мекунанд.
"МЕНДЕЛЕЕВ"-ҲОИ МАҲАЛЛӢ
Қаблан омӯзгорони вилоят дар ҳамкорӣ бо донишкада китоби кимиё барои синфҳои болоиро интишор доданд. Ба гуфтаи яке аз муаллифон, омӯзгори як мактаби ноҳияи Роштқалъа Охонниёз Имомёров бинобар мушкилоти дарёфти китобҳои дарсӣ ва зарурати мутобиқ сохтани мазмуну мундариҷаашон ба талаботи замон онҳо дар фикри таҳияи ин китоб афтоданд.
Охонниёз гуфт, ки ҳамчунин бо назардошти маҳдуд шудани имкониятҳои фаннӣ барои гузаронидани таҷрибаи амалӣ аз фанҳои дақиқ дар макотиб муаллифон кӯшиданд, ки китоби дарсиашон ба воқеъият ва шароити мавҷуд мутобиқат дошта бошанд.
Вай афзуд, китоби мазбур дар макотиби Бадахшон ба таври таҷрибави мавриди истифода қарор гирифт, аммо дар Вазорати маориф иқдоми «менделеевҳои маҳаллӣ» дастгирӣ наёфтааст.
АММО БЕ ПУШАЙМОНӢ
Муаллифон мегӯянд, ки аммо аз таҷрибаашон ба таври фаровон исифода шудааст ва онҳо чунин мешуморанд, ки заҳматҳояшон барабас нарафтаанд.
Ҳамчунин як «Менделеев»-и дигари маҳаллӣ, омӯзгори мактаби деҳаи Андароби Ишкошим Сӯҳроб Шаробов муваффақ шудааст, ки дастури таълимии таҳиянамудааш аз фанни химия аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқ ва дар мактабҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор бигирад.
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқи муаллифии гурӯҳи омӯзгорони ҷавони вилоят, ки китоби дарсии «Информатика»-ро тартиб доданд, таъйид гардида, фанни мазбур дар синфҳои болоии макотиби кишвар аз руи ин китоб тадрис мешавад.
НАХУСТИН ДАР РИШТАИ НАВ
Анвар Додихудоев, яке аз муаллифони ин китоб натиҷаи корашонро нахустин иқдоми таҳияи китоби дарсӣ аз фанни информатика ба забони тоҷикӣ арзёби намуда, гуфт, ки дар баробари баргардони истилоҳоти фанновариҳои компютерӣ ҳамчунин дар қавсайн истилоҳҳои маъмулро ба англисӣ навиштаанд, ки ин усул барои дарки осонтари фан ба хонандагон кӯмак мекунад.
Гурӯҳи дигари муаллифон низ китоби дарсии алгебраро таҳия ва барои баррасӣ ба мушовараи вазорати маориф пешниҳод намуда, бовар доранд, ки бо назардошти навовариҳо заҳматашон бенатиҷа нахоҳад монд.
Аммо дар ҳоле ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ омӯзгорон аз мактабҳо «пойи гурез» доранд, оё ба чи хотир бархе аз омӯзгорон ба навиштани китоби дарсӣ даст мезананд?
ҲАВО ВА ҲАВАС?
Ба гуфтаи сардори идораи маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев китобнавиӣи маҳсули ҳавою ҳавас набуда, ҷалби омӯзгорони лаёқатманд ба таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф дарро ба рӯи эҷодкорӣ боз намудааст ва омӯзгорони Бадахшон аз чунин имконият истифода кардаанд.
Вале ба фикри Хушқадам Асматуллобеков, танзимгари минтақаии барномаи маориф , ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, солҳои охир як зумра олимони ба кори таълиму тарбия ноошно китобҳои дарсӣ, ба вижа аз фанҳои дақиқ таҳия карданд, ки мӯҳтавояшон аз доираи қобилияти дарки хонандагон фарсахҳо дур буда, чунин китобҳо одатан зери чангу ғубор хобидаанд. Вай гуфт, китоби дарсиро бояд шахсе нависад, ки ба муҳит ва шуури хонанда ошно бошад.
ИТТИҲОДИ ОМӮЗГОРОН
Ба мақсади муттаҳид сохтани омӯзгорони эҷодкори Бадахшон ва расидагӣ ба ниёзҳояшон дар маркази вилоят як созмони ҷамъиятӣ бо номи «Падида» ба фаъолият оғоз кард.
Роҳбари ташкилот Хушназар Абудуласейнов мегӯяд, ки ба хотири раванақи эҷодӣ ва ҳавасманди маънавӣ онҳо тасмим гирифтаанд, ки нахуст маҷмӯаи дастҷамъии иборат аз мақолаҳои беҳтарини илмии омӯзгорони минтақаро интишор диҳанд.