1 сентябр ё Рӯзи дониш барои наврасоне, ки ҳар рӯзи худро дар талабандагӣ ва корҳои сиёҳ мегузаронанд, аҳамияте надорад.
Дар ҳоле ки имрӯз иддае аз ҳамсолони онҳо барои соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд, бачаҳои кӯчагӣ ҳамоно дар пайи дарёфти маблағи бештар дар бозорҳои кори пойтахт машғули корҳои мухталифанд. Бархе аз онҳо ҳатто дар хотир надоранд, ки бори охир кай ва ба кадом мактаб рафтаанд ва ё феълан бояд дар синфи чандум таҳсил кунанд.
Омили аслии дур мондани ин наврасону кӯдакон, албатта, барои ҳама маълум аст. Вазъи бади молии хонаводаҳои онҳо. Аммо дар сӯҳбат бо мо ин кӯдакони коргару дур аз таҳсил як сабаби дигари тарки мактаб кардани худро дар шароити начандон хуби таълимӣ ва набуди омӯзгорони зарурӣ медонанд.
Ба қавли ин гурӯҳи мусоҳибонам барои онҳо кор дар бозор ва дарёфти қути лоямут беҳтар аз сарфи беҳудаи вақт дар соатҳои холии мактабӣ аст.
Канор мондан аз таълим ва тарбия боиси содир кардани ҷиноёт аз тарафи кӯдакону наврасони коргару хиёбонии тоҷик шудааст. Тибқи нишондиҳандаҳои ахир содир кардани ҷиноятҳое мисли дуздиву қаллобӣ аз сӯи наврасони бештар рӯх медиҳад.
Манзура Саломова котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Душанбе бо ишора ба афзоиши теъдоди кӯдакони хиёбони ва даст задани онҳо ба ҷиноят гуфт, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар Душанбе 85 наврас ҷиноят содир кардаанд.
Вай мегӯяд: «Аз ин теъдод 13 нафар хонандагони мактаби миёна, 35 нафар истиқоматкунандаи пойтахт. Ва 25 нафар наврасоне мебошанд, ки аз манотиқи мухталиф ба шаҳр омадаанд. Аз он ҷумла 100 нафар дар мактаб намехонанд.»
Созмони байнулмилалии “Наҷоти кӯдакон”, дар солҳои 2007-2008 теъдоди кӯдакони хиёбониро дар Тоҷикистон 10 000 нафар баршумурдааст, мегӯяд, ки 3 000 нафари онҳо дар шаҳри Хуҷанд - маркази вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба омори расмӣ, то имрӯз танҳо 7 дарсади ин кӯдакон ба мактаб ва оила баргардонида шудаанд.
Намояндаи яке аз созмонҳои кор бо кӯдакон Ғиёсиддин Қараев мегӯяд, ки дар рафти пурсиши сотсилогӣ, ки онро соли 2007 миёни 600 нафар кӯдакони хиёбонии пойтахт анҷом додаанд, маълум шудааст, ки ҳатто 16-солаҳо низ аз оддитарин ҳуқуқи хуб хабар надоранд.
Ӯ афзуд: «Ҳатто наврасоне буданд, ки дар як рӯз дар бозор 46-48 сомонӣ кор мекарданд ва падару модарашон аз мактаб рафтан дида, ба бозор рафтани онҳоро муҳим медонистанд.»
Дар ҳоле ки созмони байнулмилалии «Наҷоти кӯдакон» аз афзоиши наврасони хиёбонӣ бонги изтироб мезанад, Ғиёсиддин Қараев мегӯяд, шиддати масъала дар ду соли охир назар ба соли 2007 камтар шудааст.