Бино ба маълумоти расонаҳо Узбакистон аз ширкат дар размоишҳои таҳти Созмони паймони Амнияти Дастаҷамъӣ худдорӣ кардааст.
Ин иқдоми Узбакистонро бархе аз коршиносон ба нармиши дубораи он бо Амрико пайванд медиҳанд.
Вале суоли матраҳ боз ин аст, ки ҳузури Узбакистон дар СПАД то куҷо ба нафъи Тоҷикистон ва то куҷо ҳам ба зиёни он аст. Ва гузашта аз ин Тоҷикистон чӣ гуна мавзеъеро дар ин шароит бояд дошта бошад?
ИН ДУВУМИН ИҚДОМИ ҷиддии СПАД зарфи чанд моҳи ахир аст, ки Узбакистон онро ҳамроҳӣ намекунад.
Қабл аз ин Узбакистон ба таъсиси Нерӯҳои махсуси вокуниши сареъи ин паймон мувофиқат накард ва ба думболи он ҳам чанде қабл мухолифати худ ба ҷобаҷоии як воҳиди ин нерӯҳо дар Қирғизистонро низ эълон дошт.
Акнун Узбакистон дар размоишҳои СПАД дар моҳи сентябр низ ҳузур нахоҳад ёфт. Қаблан Беларус низ ба таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД мухолифат карда буд, аммо ахиран ба ин амр мувофиқат карда ва машқҳои моҳи сенятбри ин паймон низ дар қаламрави Беларус доир хоҳанд шуд.
Аммо суоли мартаҳ ин аст, ки оё ин ҳама иқдоми Узбакистон ба маънои чист? Оё имкон дорад, ки Узбакистон дубора ин созмони низомии ба сарпарастии Русияро такр кунад? Ва агар чунин иттифоқе биафтад оё ин ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд ва ё муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон боз ҳам печидатар хоҳад гашт? Ва ҳам Тоҷикистон дар чунин вазъияте чӣ гуна мавқеъе ба худ бояд иттихоз диҳад?
БАРХЕ АЗ КОРШИНОСОН ба ин боваранд, ки дурӣ ҷустани Узбакистон аз СПАД гувоҳи сард шудани муносиботи ин кишвар бо Маскав ва аз сӯи дигар гарм шудани муносиботаш бо Ғарб мебошад.
Ҷамъе ҳам бовар доранд, ки Узбакистон манофеъ ва имтиёзоти мавриди назараш аз Русияро ба даст наовард ва ба ин далел мавқеъи қотеътареро дар баробари Кремл ба худ гирифтааст.
Аммо Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани милии сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароти кунунӣ канорагирии Узбакистон аз ин созмон, ки боиси сардии муносибатҳояш бо Маскав хоҳад шуд ба нафъи Тоҷикистон аст ва Душанбе метавонад аз ин мақтаи замонӣ истифода кунад.
Ба андешаи таҳлилгарон Русия бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақа ва ояндабинии таҳаввулот дар водии Фарғона ҳатман барои мустақар кардани нируҳои бештари худ дар перомуни ин минтақа талош хоҳад кард.
ЧИЗЕ, КИ УЗБАКСТОН ба он мувофиқат нахоҳоҳад кард. Яъне ба ин тартиб, сардии бештари муносиботи Тошканд ва Маскав ба навъе қобили пешбинист.
Аммо Нуралӣ Давлат, таҳлилгари дигар, тавони истифодаи Душанбе аз фурсатҳои мазкурро баъид медонад ва мегӯяд, таҷриба нишон додаст, ки Душанбе дар гузашта чунин фурсатҳоеро аз даст додаст ва на як бор.
Вале Тоҷикистон ҳамеша ба ҳама тасмимоти СПАД мувофиқат карда ва ахиран низ аз таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи ин созмон истиқбол кард.
Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси ин паймон ба сарварии Русия узви он буд, аммо ахиран тарҳи ҳамкориҳои низомии худ бо Маскавро мавриди бознигарӣ қарор додааст.
ВА БАРОИ БОРИ НАХУСТ, аз Русия пардохти иҷораи пойгоҳи низомии 201-ро тақозо кард. Ва ба пешниҳоди Русия барои истифодаи ройгон аз фурудгоҳи низомии Айнӣ посухи рад дод.
Русия мехост аз ин фурудгоҳ ба баҳонаи истифода аз барномаҳои СПАД истифодаи ройгон кунад.
Аммо маълум нест, ки Тоҷикистон хоҳад тавонист ба мавриди назари худ дар ин муомилот даст ёбад ё хайр.
Бархе таҳлилгарон ҳамчунон ба ин назаранд, ки Тоҷикистони низ бояд дар марҳилаи кунунӣ мавқеъи қотеътареро дар баробари хостаҳои Маскав ихтиёр кунад, то агар имтиёзе ҳам ҳосил намекунад, ҳайсияти худро барои ёфтани ин имтиёзот дар оянда ҳифз кунад.
Аммо ин ки УЗБАКИСТОН ДУБОРА БО ҒАРБ канор омад ва ё дар сурати аз сӯи Маскав додани имтиёзоти ба Тошканд ба Русия хоҳад монд, суоли бузурги рӯз боқӣ мондааст.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, Узбакистон ба бозигари бузурги минтақа ва байналмилал табдил шуда ва дар ҳар каноре, ки қарор нагирад, шарташ ин аст, ки бародари кӯчак нахоҳад буд. Яъне ин кишвар дӯсти ҳамешагии кадом қудрате нест, балки ба думболи қудтари худ ва манофеъи миллиаш шариконашро иваз хоҳад кард.