Ҳалокати боз ду сарбози Амрико дар Бағдод

Субҳи ҷумъа дар Бағдод ду сарбози амрикоӣ кушта шуд. Бомби рӯироҳ замоне таркид, ки ин ду сарбоз дар қисмати шарқии пойтахти Ироқ машғули дидбонӣ буданд. Аз моҳи марти соли 2003 ба ин сӯ , яъне аз замони оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико, дар Ироқ беш аз 4330 аскари амрикоӣ ҳалок шудаанд.