Даргузашти сенатор Эдвард Кеннеди

Cенатор Эдвард Кеннеди, бародари собиқ раисҷумҳури Амрико Ҷон Кеннеди, дар синни 77-солагӣ даргузашт.
Расонаҳои амрикоӣ хабар додаанд, сенатор Кеннеди пас аз муборизаи тӯлонӣ бо саратон дунёро падруд гуфт.

Сенатор Кеннеди узви Ҳизби демократ буда, аз иёлати Массачусетс дар Конгресс намояндагӣ мекард. Ӯ аз соли 1962 узви сенат мебошад, аз замоне, ки бародарашро иваз карда буд. Бародараш Ҷон Кеннеди он замон барои раисҷумҳур шудан аз сенаторӣ канор рафта буд. Баъдан, Эдвард Кеннеди 7 бори дигар сенатор интихоб гардида буд.

Сенатор Кеннеди яке аз тарафдорони фаъоли Барак Обама маҳсуб мегардид.