Дар охирҳои моҳи июн, Шоҳида Исмоиловаи 23-сола, дар бемористони минтақаи Туркистон, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, кӯдаки дувумашро таваллуд кард. Баъди таваллуд вазъи Шоҳида бад шуд, ӯро ҷарроҳӣ карданд, аммо бенатиҷа.
Ҷарроҳиҳои баъдӣ ҳам дарди Шоҳидаро даво набахшиданд ва ӯ бо тифлаш дар муддати кӯтоҳе аз олам даргузашт. Ду пизишки ин бемористон ва як пизишки кӯдакона ҳам фавтиданд ва ҳамаи онҳо аз бемории қаттоли таби хунин, ки гоҳ- гоҳе дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хуруҷ мекунад.
Шоҳида Исмоиловаро дар манзилаш кана газида буд ва тифли хурдсолаш ҳам бар асари истеъмоли шири модар бемор шудааст. Баъди таваллуд хунравии Исмоилова хотима наёфт ва пизишкон надониста, ӯро ду бор ҷароҳӣ карданд ва худашон ҳам бемор шуданд ва табиби кӯдакона аз тифли навзод сироят ёфт.
Дар тӯли чанд моҳи гузашта дар Қазоқистон аз таби хунин ҳадди ақал як нафар фавтида, ва ба гуфтаи мутахассисон, теъдоди зиёди мардум мубталои ин беморӣ шуданд. Аммо дар Тоҷикистон хурӯҷи таби хунин бадтар аст. Дар кишвар то кунун аз ин беморӣ се нафар ҳалок шудаанд ва чанд тани дигар ҳам бистарӣ ҳастанд.
Ин маризӣ номи унвони таби хунини Конгоро ба хотири кашфи ин касалӣ дар нимҷазираи Қрим, дар солҳои 1940-ум ва хуруҷи он дар Конго дар охирҳои солҳои 60-ми асри гузашта ба худ гирифт. Барангезандагони беморӣ канаҳоянд, ки дар бадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ мечаспанд ва ин касалӣ дар Аврупои Шарқӣ, кишварҳои соҳили Баҳри Миёназамин, баъзе қисматҳои Чину Осиёи Марказӣ кашф шудааст.
Хабарҳо дар бораи паҳншавии таби хунин дар Осиёи Марказӣ дар баъзе манотиқ аҳолиро ба ваҳшат овардааст. Баъд аз муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кӯмак шитофт. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва мақомоти Тоҷикистон 24-уми август ҳамоиши муштарак баргузор карданд. Дар ин ҳамоиш ба аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирикунанда маълумот дода шуд.
Раиси бахши бемориҳо дар маркази пешгирӣ аз касалиҳои иёлати Ҷорҷия доктор Пиер Роллин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таби хунин барои Осиёи Марказӣ бемории нав нест ва дар бораи роҳҳо сирояташ нақл кард. Ролин мегӯяд, ин беморӣ танҳо аз газидани кана ва ё аз инсон ба инсон сироят мекунад, аммо аз ҳайвон ба инсон намегузарад.
Вай афзуд, барои пешгирӣ аз сирояти маризӣ аз инсон ба инсон, беморонро бояд аз дигарон ҷудо кард. Онҳо бояд ба дастонашон дастпӯшҳои плостикӣ дошта бошанд ва аз маҳлулҳои безараркунанда истифода баранд. Тамоми абзори тиббии истифода шударо, бояд безарар кунанд. Либоси беморонро бояд бо оби хлордор шуст.
Доктор Роллин мегӯяд, аз амалҳои оддии беҳдоштӣ сарфи назар низ набояд кард:
“Истифодаи собун, шустушӯи мунтазами даст бисёр муфид аст ва тамоми вирусҳои дар пуст бударо нобуд месозад. Мо фикр намекунем, ки вирус метавонад пустро шикоф кунад, аммо мардум маъмулан ҳайвоноти хонагӣ доранд, ба вижа дар рустоҳо, барои ҳамин ҳам ҳар чи қадар ки зудтар дастатонро бо собун шуед, ҳамон қадар хуб аст.”
Доктор Роллин ба вижа таъкид намуд, ки бо вуҷуди он ки дар деҳот бемористонҳо аз манзили мардум дар масофаи дур воқеъанд, ҳангоми пайдо шудани аломатҳои беморӣ касалро бояд ҳар чи зудтар ба назди пизишкон расонд. Ба пизишкон бояд хабар дод, ки дар тӯли рӯзҳои охир бемор бо киҳо дар тамос буд, то ҳамаи ин ашхос аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Истифодаи собун, шустушӯи мунтазами даст бисёр муфид аст ва тамоми вирусҳои дар пуст бударо нобуд месозад...