Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, ҳувияти афроди ҳамлагар ба нуктаи интиқоли маблағҳои марбут ба дафтари қӯрғонтеппагии Бонки «Эсхата» ошкор гардидааст, аммо ин афрод ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон нестанд
Ба гуфтаи мақомоти РКД-и Хатлон, пулис шахсияти ду нафари ҳамлагар ба нуктаи интиқоли маблағҳои бонки мазкурро маълум сохтааст. Ин афрод дар қайди шаҳру навоҳии қаламрави вилояти Хатлон набудаанд. РКД ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот аз зикри ному насаби ҷинояткорон худдорӣ намуд, аммо тахмин кард, ки онҳо феълан дар берун аз ҳудудҳои кишвар ба сар мебаранд.
Бисту панҷуми феврали соли равон нуктаи интиқоли маблағҳои марбут ба Бонки «Эсхата» дар Қӯрғонтеппа мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи ду фарди ношинос қарор гирифт. Афроди ниқобпӯш вориди нуктаи интиқоли маблағҳо дар маҳалли маъруф ба «Шабчароғ»-и Қӯрғонтеппа шуда, бо истифода аз таҳдиду зӯроварӣ бо скоч даҳони корманди масъулро баста ва миқдоре маблағро бо худ бурдаанд.
Ин нуктаи интиқолӣ баъд он дубора ба кор шурӯъ кард, ки дар сирқати маблағи бонки «Эсхата» даст доштани худи кормандони нуктаи интиқоли маблағҳо тасдиқ нашуд. Аммо ба ҳар ҳол, кормандони ин нукта, ба гуфтаи раҳбарияти бонк, муваққатан, то анҷоми тафтишот аз вазифа барканор шудаанд.
Чанде пеш маъмурияти дафтари бонки «Эсхата» дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз мақомоти умури дохилаи вилояти Хатлон хостори таҳқиқи сареътар ва ба зудтарин фурсат ошкор кардани омилони ҳодисаи дуздии маблағ аз яке аз марказҳои интиқоли маблағҳои бонки «Эсхата» шуда буд.
Масъулони РКД-и вилояти Хатлон мегӯянд, нахустин бор аст, ки афроди ношинос ба як муасисаи бонкӣ дар ин минтақа ҳамла оварда ва даст ба дуздӣ задаанд.
Бонки «Эсхата» аз нахустин бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки 15 сол пеш дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфтааст ва то имрӯз беш аз 12 ҳазор муштарӣ аз ин бонк қарзҳои кӯчак дарёфт кардаанд.
Ҳодисаи дуздӣ ва ҳамла ба нуктаи интиқоли маблағҳои бонки «Эсхата» дар Қӯрғонтеппа масъулони бонкҳои дигарро дар Хатлон водор кард, ки фаъолияти риштаҳои бехатарии бонкҳои маҳаллӣ, бахусус нуктаҳои интиқоли маблағро таҳким бидиҳанд. Баъзе аз бонкдорон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳодисаи ҳамла ба нуктаи интиқоли маблағҳо ва саррофиҳои тобеи бонкҳо дар кишвар, шумори муҳофизону посбонони бонкҳо афзоиш дода шуда, чораҳои иловагии амниятӣ андешида шудааст.