Нигоҳ аз Душанбе ба интихоботи Афғонистон

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки қарор аст 20-уми август доир шавад, мавриди баррасӣ дар маҳофил ва расонаҳои Тоҷикистон шудааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки муносиботи Тоҷикистон бо Афғонистон ба думболи интихобот дучори чӣ таҳаввулоте хоҳад шуд? Ва оё барои Тоҷикистон тафовуте хоҳад дошт, ки кадоме аз номзадҳои матраҳ ба қудрат даст биёбад?

Бисёре аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз номзади бахусусе ҳимоят намекунад. Ва ин ки кадоме аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи рӯзи панҷшанбеи 20 август ба ҳарики қудрати Кобул хоҳад нишаст, барои Душанбе аҳамияти чандоне надорад. Зеро ҳар кадоме аз онҳо, ки ба қудрат бирасад, ба густариши равобит бо Тоҷикистон манфиатдор хоҳад буд.

Тоҷикистон то кунун аз ҳукумати Ҳомиди Карзай пуштибонӣ кардааст, аммо феълан аз ҳеҷ номзад ҳимоят намекунад. Зеро Тоҷикистон ба як Афғонистони босубот, дорои ваҳдати миллӣ, қудратманд ва боэътимод ниёз дорад ...
Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси тоҷик ва узви Анҷумани афғонистоншиносони Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон то кунун аз ҳукумати Ҳомиди Карзай пуштибонӣ кардааст, аммо феълан аз ҳеҷ номзад ҳимоят намекунад. Зеро Тоҷикистон ба як Афғонистони босубот, дорои ваҳдати миллӣ, қудратманд ва боэътимод ниёз дорад. То дар оянда тавассути қаламрави он тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷроатии худро амалӣ кунад ва ба обҳои гарм даст ёбад. Ва мудохилаи ҳамсояҳо дар интихобот метавонад ин ваҳдат ва суботро халалдор кунад.

Аммо Нуралӣ Давлатов, таҳлилгари дигари тоҷик, мегӯяд, дар воқеъ Тоҷикистон дар интихоботи Афғонистон рӯи номзади хосе ҳисоб нагузоштааст. Аммо ин ба маънои он нест, ки Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба номзади хосе надорад, балки аз дасти кутоҳ, нотавонии иқтисодӣ ва ҳамчунин адами иродаи давлатмардони Тоҷикистон бар мегардад.

Оғои Давлат мегуяд, Тоҷикистон баъд аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд ва вуруди ғарбиҳо ба Афғонистон тамоми аҳроми таъсиргузорӣ дар равандҳои Афғонистонро аз даст додааст. Ва давлати Тоҷикистонро мебояд сиёсати хоси худро дар қиболи Афғонистон тарҳрезӣ ва муаррифӣ кунад.

Аммо дар ин миён Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси дигар, назари мутафовит дорад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам авомили нуфузии худ дар Афғонистонро ҳифз карда ва мавқеи хосе дар робита ба интихоботи Афғонистон низ дорад ва онро бо назардошти манофеи худ тайин кардааст.

Оғои Бекмуҳаммад мегӯяд, агарчанд бархе таҳлилгарон ва рӯшанфикрон фикр мекунанд, ки ба қудрат расидани доктор Абдулло имкон дорад равобитро дучори як таҳаввули ҷиддӣ кунад, аммо омили хориҷиро дар Афғонистон наметавон сарфи назар кард. Ва ба ин далел мегӯяд, оғои Бекмуҳаммад, Ҳомиди Карзай имкон дорад як навбати дигар низ ба ниёзҳои ҳамсояҳо ва хоса Тоҷикистон посух бигӯяд.

Ба ҳар сурат, то се рӯзи дигар умедвори ва таклифу нигаронӣ аз интихоботи Афғонистон рӯшан хоҳад шуд. Аммо ақидаи таҳлилгарон масъалае, ки камокон боқӣ хоҳад монд ва ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон хоҳад дошт, масъалаи амният аст.

Ба гуфтаи коршиносон муқобила ба гурӯҳҳои тундрав ва террорист, кишт ва қочоқи маводи мухаддир чолишҳоеанд, ки ҳар касе ба қудрат дар Афғонистон бирасад, дар пеши рӯяш дорад ва баъди интихобот билфосила домангирӣ ӯ хоҳанд шуд.