Комёбии Дилшод Назаров дар Берлин

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар давраи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Берлин, пойтахти Олмон, гурзро ба масофаи 75 метру 83 сантиметр андохта, сазовори ҷои 7-ум шуд ва ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Дар маҷмӯъ, 12 гурзандоз ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфтаанд.