Созиши Маскав ва Душанбе дар бораи Сангтӯда-1

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"

Русия ва Тоҷикистон дар мавриди нархи нерӯи барқи «Сангтӯда-1» барои ниёзҳои дохилии Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.
Ҳамчунин масъалаи 18 миллион доллар қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ширкати «Сангтӯда-1» бардошта шудааст.

Бар асоси тавофуқномаи нав миёни ду кишвар, Тоҷикистон ҳар як киловатт-соат нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро барои масрафи дохилӣ 1,7 сенти амрикоӣ, харидорӣ мекунад, ки муодили 7,5 дирам аст.

Ин қарордод 20 сол тӯл дорад ва сар аз соли 2010 солона қимати нерӯи барқи «Сангтӯда-1» 4 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин дар ин тавофуқнома гуфта шудааст, ки нархи фурӯши барқ ба берун аз Тоҷикистонро худи ширкати «Сангтӯда-1» таъин мекунад. Дар қарордод ҳукумати Русия ҳамчунин саҳми ду кишвар дар ин нерӯгоҳро таъин кардааст: Русия – 75 дарсад бо касри як саҳмия ва Тоҷикистон – 25 дарсад бо иловаи як саҳмия.

Тибқи ин санад, Тоҷикистон барои масрафи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ дар соли 2008 то 2009 бо 7,5 дирамӣ пардохт хоҳад кард.

Ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик». Дар ҳоли ҳозир мутахассисони ин ширкат ба ҳисоби барқи масрафшуда дар соли 2008 ва 7 моҳи соли ҷорӣ бо қимати 7,5 дирам машғуланд, то ин маблағро ба ширкати «Сангтӯда-1» пардохт кунанд.

Қабл аз ин тавофуқ қарзи «Барқи тоҷик» ба ширкати «Сангтӯда-1» 18 миллион доллар тахмин зада мешуд. Ва ширкати «Сангтӯда-1» , ки бо сармояи Русия бунёд шудааст, иддао мекард, ки Тоҷикистон муваззаф аст, барои масрафи ҳар як киловатт-соат барқ 3,5 сенти амрикоӣ, муодили 15,4 дирам, пардохт кунад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар фасли зимистон нерӯи барқ аз хориҷро бо нархи 3,5 сент ворид мекунад. Ба ин далел Тоҷикистон аз нархи таинкардаи ширкати «Сангтӯда-1» розӣ набуд. Ва ширкати «Барқи тоҷик» низ пули 7 моҳ аз пардохти қимати барқ ба «Сангтӯда-1» худдорӣ мекард.