Сарварони радиои «Имрӯз» мегӯянд, дар сурати зудтар эҳё нашудани пахши барномаҳои он омилони ин мушкилро ба додгоҳ хоҳанд кашид.
Дар ин маврид онҳо пеш аз ҳама ба ширкати давлатии «Телерадиоком» ишора мекунанд.
Рустами Ҷонӣ, мудири радиои “Имрӯз” дар як сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд аз рӯзи 27-уми июл ба ин сӯ дар амвоҷи ин радио садоҳои ғайр омезиш ёфтааст ва “Телерадиоком” бар асоси қарордоди дуҷониба муаззаф аст, пахши барномаҳои “Имрӯз”-ро бидуни мушкил анҷом диҳад, масъулони он ба номаҳои расмии ӯ посух намедиҳанд.
Ба ақидаи ҷаноби Ҷонӣ, “Телерадиоком” дар вазъи пешомада тарафи муҷрим аст, зеро радиои «Имрӯз» ҳама масъулият ва ӯҳдадориҳоеро, ки дар назди “Телерадиоком” дорад саривақт иҷро кардааст ва ҳеҷ баҳона ва далелеро ҳам ба дасти ин ширкат надодааст, ки боиси тавқифи нашри барномаҳои он шавад: "Воқеан, агар кор ба ҳамин шакл идома кунад, мо маҷбур хоҳем шуд, ки баҳсҳои худро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашем."
Аммо Сӯҳроб Алиев, раиси ширкати “Телерадиоком” мегӯяд, қатъи пахши гуфторҳои радиои "Имрӯз" як ҳодисаи муваққатист, зеро бархе аз фиристандаҳои ин расона фарсуда шуда ва дар ҳоли ҳозир мутахассисон дар пайи навсозии онҳо мебошанд:
"Таҷҳизоте ки радиои "Имрӯз" истифода мебарад, аз кор баромадагӣ аст. Дирӯз гурӯҳи фаннӣ рафт аз пайи бартараф кардани камбудӣ. Ҳамин ки рафта, дар ҷояш диданд, ки чӣ камбудии техникӣ дорад, мо ҳаракат мекунем, ки таҷҳизотро барои истифода бурдан омода созем. Дигар ягон масъала ин ҷо ман намебинам."
Дар ҳамин ҳол Рустами Ҷонӣ, мудири радиои “Имрӯз” сарусадоҳо дар бораи ба фаъолияти расона иртибот доштани тавқифи нашри онро тасдиқ ва ё рад накард.
Аммо инро ҳам гуфт, ки бозрасони Идораи бозрасии давлатии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон чандин гузориш ва барномаи радиои “Имрӯз”-ро ба хотири санҷиш ва ташхис сабт кардаанд.
Тибқи натиҷаи ин санҷишҳо, дар фаъолияти касбӣ ва гуфторҳои радиои “Имрӯз” аъмоли ғайриқонуние ошкор нашудааст.
Зимнан Алиев низ ин нуктаро таъйид кард, ки қатъи пахши барномаҳои “Имрӯз” ангезаҳои дигаре ба ҷуз аз фаннӣ надорад. Аммо ҷаноби Ҷонӣ мӯътақид аст,ки афрод ва гурӯҳҳое ҳатто дар сатҳи болои давлат ҳастанд, ки мехоҳанд, бо ҳар васила аз густариши матбуоти мустақил ҷилавгирӣ кунанд.
Радиои “Имрӯз” ду рӯз пеш дусолагии таъсисёбии худро таҷлил кард. Ба эътиқоди коршиносон ва мутахассисон ин расона бо корбурд ва роҳандозии таҷрибаи байналмилалии нашру пахши ахбор ва додани имкон барои изҳори ақида ва назар ба гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва афрроди алоҳида, ки дастрасӣ ба расонаҳои расмиро надоранд, дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёд пайдо кард.
Аммо коршиносон мегӯянд,ки дар сурати пеш овардани чунин мушкилот ин расона низ маҷбур мешавад ба хотири идомаи фаъолияти худ ба худсонсурӣ рӯ оварад.
Ин барои саввумин бор аст,ки пахши барномаҳои радиои “Имрӯз” ба муддатҳои мухталиф мутаваққиф мешавад. Ва кормандони ин радио бо тааҷҷуб мегӯянд, чаро ин масъала танҳо бо мавҷи радиои “Имрӯз” пеш меояд, дар ҳоле ки гуфторҳои радиоҳои "Азия-Плюс", "Ватан" ва "Садои Душанбе" низ дар мавҷи FM пахш мешаванд.
Радиои «Имрӯз»,ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Қӯрғонтеппа ва атрофи он барномаҳо пахш мекунад, мутааллиқ ба ширкати «Ориёно» мебошад.
Воқеан, агар кор ба ҳамин шакл идома кунад, мо маҷбур хоҳем шуд, ки баҳсҳои худро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашем...