Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон пахши «РТР Планета»-ро қатъ кард


РТР Планета яке аз шохаҳои "ВГТРК" - Ширкати давлатии телевизион ва радиои Русия мебошад
РТР Планета яке аз шохаҳои "ВГТРК" - Ширкати давлатии телевизион ва радиои Русия мебошад

Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахши шабакаи телевизиони «РТР Планета» дар қаламрави ин кишварро қатъ кард.

Суҳроб Алиев, раиси Ширкати «Телерадиоком»-и назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, зимни шарҳи иллатҳои қатъи ин шабака ба радиои Озодӣ гуфт, ин амал ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надорад ва танҳо як мушкили иқтисодӣ мебошад, ки агар аз ҷониби масъулини шабакаи телевизиони Русия иҷро карда шавад, имкони дубораи пахши барномаҳои он вуҷуд дорад.

Ба қавли ҷаноби Алиев, бо боло рафтани нархи барқу хизматрасонии фаннӣ дар Тоҷикистон барои пахши барномаҳои телевизионҳои кишварҳои дигар як нархномаи ҷадид омода ва пешниҳод карда шуд. Дар ин нархнома панҷоҳ дарсад хизматрасонии фаннӣ боло бурда шуд. Шабакаи РТР мебоист то якуми марти соли 2009 омодагии ҳамкориҳои худро дар доираи нархномаи нав эълон мекард. Аммо дар ин муҳлат онҳо ҳеҷ кадом посухе надоданд ва «Телерадиоком» маҷбур шуд пахши барномаҳои ин шабакаро дуввуми март дар Тоҷикистон қатъ кунад.

Суҳроб Алиев ҳамчунин гуфт, ҳоло аз тарафи масъулони фаннии ин шабака як гурӯҳ созмон дода шудааст, ки паҳлӯҳои масоили мавҷудро баррасӣ дорад. Ҷаноби Алиев ҳамчунин афзуд, дар ҳоли ҳозир вазъи пахши барномаи радиои «Голос России» монанд ба вазъи шабакаи телевизиони РТР аст. Ҳоло миёни масъулини ин радио ва «Телерадиоком» музокира идома дорад дар сурати пайдо нашудани роҳи ҳалл имкони қатъи пахши барномаҳои «Голос России» дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG