Имрӯз ба таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, нахустин ҳизби алтернатив дар муқобили Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар, 19 сол пур мешавад.
Имрӯз рӯзи таъсиси аввалин ҳизби мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон – Ҳизби демократ аст. Соли 1990 дар ин рӯз аввалин ҷаласаи ин ҳизб дар Душанбе баргузор ва раиси аввалинаш Шодмон Юсуф интихоб шуд. Аммо таърихи ин ҳизб гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамеша дар дохилаш гурӯҳҳои гуногун, платформаву ҷиноҳҳои мухталиф амал мекарданд ва ин ҳол боиси заифтару заифтар шудани ҳизби демократ шуда, акнун ин ҳизб ба гунае, ки дар авоили солҳои навад буд, дигар ҳизби рақами аввали мухолифи давлат нест.
Соли 1994 дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҲД ба ду платформа – Алмаато ва Теҳрон тақсим шуд. Сабаби ду тақсим шудани ҳизб ин буд, ки платформаи Алмаато бо ИНОТ пайваст ва платформаи Теҳрон на. Ахирӣ соли 1995 дар Душанбе аз қайди давлатӣ гузашт, аммо на бо сарварии Шодмон Юсуф, балки Аъзам Афзалӣ. Баъд аз Созишномаи сулҳи соли 1997 дуруст моҳи августи соли 1999 Ҳизби демократи Тоҷикистон аз дигар фаъол шуд ва ин бор таҳти сарварии фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки аз платформаи Алмаато намояндагӣ мекард.
Ин ҷиноҳ дар интихоботи президентии соли 1999 аз Эмомалии Раҳмон ҷонибдорӣ кард ва платформаи Теҳрон аз Султон Қувватов. Ин охирин зуҳури платформаи Теҳрони ҲД дар саҳнаи сиёсӣ буд ва бо ҳамин метавон гуфт, ки ин платформа ба боди фаромӯшӣ рафт. Аммо мушкилоти ҲДТ ва таҷзияи ин ташаккули сиёсӣ ба ҷиноҳҳои мухталиф ва гоҳо ҳатто мутахосим ҳамчунон идома дошт. Баъд аз зиндонӣ шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҲДТ ба се тақсим шуд – ҷиноҳи Искандаров, ҷиноҳи Саидҷафъар Усмонов ва ҷиноҳи Масъуд Собиров, ки вазорати адлия ҳамин ахириро расман ҳамчун ҲД мешиносад.
Аммо ба назари коршиносон, ин ҳама ҷиноҳсозиву бӯҳронҳои раҳбарӣ, ки гоҳе аз берун идора мешуданд ва гоҳе ҳам маҳсули ихтилофоти назари мавҷуд дар дохили худи ҳизб будаанд, дар ниҳоят мунҷар ба он шуд, ки ҲДТ, як нирӯи дар гузашта хеле муттанаффизи сиёсӣ, он нуфуз ва таъсири гузаштаашро аз даст дода, дар гирдоби танҳо ҳамин ҷанҷолҳои миёни раҳбаронаш маҳдуд шуда ва дар ҳамин доира мечархад.
Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Иброҳим Усмон, донишманди тоҷик, муаллифи китоби «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» пурсидем, ки ҷиноҳҳои нави ҲД-ро чӣ гуна мешавад шинохт? Барои шунидани сӯҳбати Иброҳим Усмон гӯшаи "Бишнавед"-ро дар тарафи рости саҳифа зер кунед.