Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди бемории вабо назорати беҳдоштиро дар марзҳояш бо Ҷумҳурии мардумии Чин шадид кардааст.
Ба гуфтаи Алмагул Абенова, сухангӯи Вазорати тандурустии ин кишвар, чунин бархурди Қазоқистон ба хурӯҷи бемории вогири вабо дар кишвари ҳамсоя бастагӣ дорад. Аз ин хотир дар кишвар аз ҷониби Вазорати тандурустии Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз вуруд ва паҳншавии ин беморӣ дар Қазоқистон як қатор тадбирҳо роҳандозӣ шудааст.
Сухангӯи Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, ки омодагии ҳамешагии нуқтаҳои карантинӣ ва беҳдоштӣ дар ҳама васоити нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва мошингард таъмин карда хоҳад шуд, то назорат ба вазъи саломатии мусофирони аз Чин бозгашта тақвият ёбад.
Хонум Абенова таъкид мекунад, ба вижа онҳое, ки аз вилояти Синхай меоянд, таҳти муоинаи шадиди тиббӣ қарор мегиранд. Зеро бемории вабо дар шаҳри Сизекетани ин вилоят, ки беш аз 10 ҳазор аҳолӣ дорад, хурӯҷ кардааст. Алъон рафту омад ба ин шаҳр мамнӯст. Ҳазорон нафар аҳолии шаҳр зери назорати пизишкон қарор доранд. Тавре нашрияи «Саут чайна морнинг пост» хабар додааст, шаҳрро ваҳму ҳарос фаро гирифта ва одамон аз тарс ба кӯча намебароянд. Ағлаби мағозаҳо бастаанд.
Зоҳиршоҳ Сияров, як тан аз бозаргонҳои тоҷик, ки дар Алмаато зиндагӣ мекунад ва аз Чин бор меорад, изҳор мекунад, ки қабл аз хуруҷи ин беморӣ дар Чин низ рафту омад ба ин кишвар чандон осон набуд ва мусофирон ҳам ҳангоми рафт ва ҳам омад аз назорати шадиди тиббӣ мегузаштанд.
Оқои Сияров мегӯяд, ки вай ҳамагӣ як ҳафта қабл аз Чин баргашта буд ва он вақт бештар барои муайян кардани бемории зукоми хук мусофиронро назорат мекарданд. Акнун, тавре ҳамсӯҳбати мо изҳор мекунад, назорати тиббӣ дар ҳарду ҷониб шадидтар хоҳад шуд - Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз бемории вабо ва Чин барои роҳ наёфтани бемории зукоми хук аз Қазоқистон.
Зеро дар Қазоқистон ҳамоно хатари паҳншавии бемории зукоми хук аз байн нарафтааст. Ин беморӣ аз тариқи мусофироне, ки аз кишварҳои Ғарб, ба вижа аз Бритониё омада буданд, дар ин ҷо пайдо шуда буд. Дар ибтидо 15 нафар гирифтори ин бемориро муайян карда буданд ва ҳамаи онҳо табобат гирифта шифо ёфтанд.
Вале, тавре Алмагул Абенова мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми август, боз ду ҳодисаи гирифтории ин беморӣ аз ҷониби пизишкон таъйид гардид. Яке аз онҳо кӯдакест, ки зодаи шаҳри Петропавловск буда, як моҳи таътилашро дар Бритониё сипарӣ кардааст. Бемори дигар дар шаҳри Алмаато ба қайд гирифта шуд ва ин дар шаҳр дуюмин шахсест, ки мубтало ба бемории зукоми хук гардидааст. Ба иттилои сухангӯи Вазорати сиҳати оммаи Қазоқистон, чаҳор шахсе, ки бо ин беморон иртибот доштанд, низ зери назорати пизишкон қарор доранд.
Тавре хонум Абенова мегӯяд, ҳарчанд дар дунё то 6 август беш аз 193,5 ҳазор кас ба бемории зукоми хук гирифтор шуданду аз онҳо 1362 нафарашон ба ҳалокат расиданд, вале дар Қазоқистон чун ин беморӣ сари вақт муайян гардида, беморон зуд табобат карда шуданд, аз чунин фарҷоми ғамангези бемории вогир ҷилавгирӣба амал омад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати сиҳати омма ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки бо назардошти хатари рӯзафзуни бемории зукоми хук дар сайёра имсол аз сафари ҳаҷ худдорӣ намоянд. Масъулини вазорат гуфтаанд, чун Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба мардуми ҷаҳон чунин тавсия додаанд, онон низ онро ҷонибдорӣ мекунанд.