Шукрона, Зайнаб ва Оиша – номи се тифли сегоникест, ки дар рустои Янғолиқи ноҳияи Рашт ба дунё омадаанд.
Гуландом Мазориеваи 34-сола, модари ин сегоник, мегӯяд, ки ӯ то ин дам соҳиби 5 духтари дигар буд ва интизор дошт, ки ин дафъа писар мешавад. Аммо бо хости Худованд, гуфт Гуландом, ӯ акнун соҳиби 8 духтар шудааст: “Шукронаи Парвардигор мекунам, ки 3 фарзанди сиҳҳату солим ба дунё омад.”
Гуландом Мазориева сегоникашро на дар зоишгоҳ, балки дар шароити хона ба дунё овардааст ва ин сегоник то кунун танҳо як дафъа аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Бибии ин хонадор Ҳурриннисо Саидова мегӯяд, вазъи сиҳҳати ҳарсе навзод хеле хуб аст, вале азбаскӣ қуввати модараш барои сер кардани ҳарсе намерасад, барои онҳо ҳар шабонарӯз 4,5 литр шири гов низ масраф мешавад: “Дигар гашт дар хона даромад, навзодон пасоҳам якеаш соати 5, яки дигараш соати 8 ва яктоаш соати 9 таваллуд шуданд. Хайр, як бор бурданд, духтур дид онҳоро. Дигар саломатии кӯдакон хуб аст. Мӯҳтоҷ ба духтуру ҳеҷ чизи дигар нестанд, Худоро шукр. Парвардигор акнун худаш онҳоро дар паноҳаш нигоҳ дорад.”
Ва аммо тавре ба назар мерасад, ин хонавода хеле фақирона ба сар мебарад, зеро дар ҳамагӣ 10 садяк замин 3 оила макон гирифтаанд. Ва ба гуфтаи кампири Ҳурриннисо, ягона манбаъи даромади ин хонадон падари ин сегоник Рустамҷон будааст, ки дар Маскав, пойтахти Русия, ронандагӣ мекардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳурриннисо Саидова гуфт, то ба имрӯз на аз мақомоти маҳаллӣ ва на аз ягон ҷои дигар касе ба табрики ин хонавода наомадааст: “Не, ягон кас моро суроғ накардааст, ягон кас моро табрик накардааст, ягон кас моро чизе ҳам нагуфтааст, ки рӯзи шумо чӣ гуна мегузарад. Касе ба мо чизе гуфтагӣ нест. Мо худамон хестем маркази ноҳия рафтем, ки дар оилаи мо ҳамин хел хурсандӣ шуд, се духтарча ба дунё омад, оё касе моро табрик карданӣ ҳаст? Аммо то ҳозир ягон натиҷае набахшидааст ин даводави мо.”
Ва аммо бо омадани се тифли нозанин ба ин хонадон шодии Маҳина, Замира, Мӯниса, Шоҳина ва Сабрина – апаҳои ин сегоник ҳадду канор надорад. Маҳина, фарзанди калонии ин хонадон гуфт, бошад ки бо паи қадами ин се хоҳари дустрӯякаш саодати ин хонавода зиёдтар шаваду падараш дар Маскав ҳамеша комёб бошад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи пизишкон, таваллуди сегоник дар водии Рашт таи солҳои охир собиқа надоштааст.