Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро, ки бо сармояи Русия бунёд шудааст, бузургтарин тарҳи ҳамкории ду кишвар унвон карданд.
Аммо маросими мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар дар замоне баргузор шуд, ки Тоҷикистон аз қимати таъинкардаи барқи «Сангтӯда-1» розӣ нест ва гузашта аз ин дар ҳамкориҳои энержии ду кишвар мушкилоти зиёди ҳалнашуда боқӣ мондааст.
Дар гуфтугӯҳои як ба яки Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтугӯи ҳайатҳои ин ду кишвар ин мушкилиҳо матраҳ буд.
Аз ҷумла Андрей Клепач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, ба қарзҳои Тоҷикистон аз коргарони ширкатҳои Русия, ки дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва ҳоло дар нерӯгоҳи «Роғун» кор мекунанд, ишора кард.
Муовини вазири рушди иқтисоди Русия дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё Русия дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саҳм хоҳад гирифт, гуфт, «мо дар бунёди ин тарҳ алоқаманд ҳастем ва ҳоло чанд ширкати Русия пас аз аз «Сангтӯда-1» дар ин ҷо кор мекунанд. Мутаассифона, ҷониби Тоҷикистон дар пардохти ҳуқуқи моҳонаи онҳо қарздор аст. Пеш аз он, ки ба иқдоми дигаре даст занем, бояд ин мушкилро ҳал кунем. Гузашта аз ин иҷрои барномаи нерӯгоҳи «Роғун» ба гуфтугӯҳои байнидавлатӣ ниёз дорад».
Калиди муаммои «Роғун» дар Тошканд?
Ҷаноби Клепач гуфт, «агар дар Тоҷикистон чунин шароит фароҳам шавад, дар он сурат «Роғун» на майдони рақобатҳо, балки майдони ҳамкориҳои байнулмилалӣ хоҳад шуд».
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон нерӯгоҳи «Роғун»-ро давлатӣ эълон кардааст ва саҳмияҳои он фурӯхта намешавад. Ва ба ин далел ширкатҳои хориҷӣ барои ширкат дар иҷрои ин тарҳ алоқаманд нестанд.
Қарзи Тоҷикистон аз «Сангтӯда-1»
Оқои Клепач гуфт, қарор аст, Тоҷикистон тӯли 20 соли оянда сармояҳои масрафкардаи Русия дар «Сангтӯда-1»-ро баргардонад. Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисоди Русия, саҳми ширкати Сангтӯда-1 дар неругоҳи «Сангтӯда-1» беш аз 66 дарсад аст. Саҳми Тоҷикистон беш аз 16 дарсад буда, боқимондаи саҳмияҳо дар ихтиёри ширкати «ФСК», «ИнтерРАО» ва «РАО ЕЭС»-и Русия қарор дорад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ Русия талош кард, дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо санадеро дар бораи харидани саҳми Тоҷикистон дар ин нерӯгоҳ имзо кунад, аммо Тоҷикистон ба ин розӣ нашуд.
Бо вуҷуди ин Тоҷикистон барои масрафи барқи «Сангтӯда-1» аз аввали соли ҷорӣ 20 миллион доллар қарздор аст.
Дурнамои тарҳи энержии «КАСАРЕМ»
Аз сӯи дигар коршиносон ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи «КАСАРЕМ»-ро барои Тоҷикистон муфид хондаанд, ки аз натоиҷи гуфтугӯҳои чоргона миёни Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар бораи ин ҳамкориҳо як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санавбар Шерматова, коршиноси минтақа аз Русия, дар бораи аҳамияти ин тарҳ барои Тоҷикистон гуфт, «барномаи КАСА-1000 як бахши барномаи глобалии «КАСАРЕМ» аст, ки «Осиёи Марказии бузург» унвон шудааст. Дар аввал бархе аз сиёсатмадорони Русия ҳадафи ин тарҳро дур кардани Осиёи Марказӣ хонда буданд, вале ширкати Дмитрий Медведев дар гуфтугӯҳои чоргона собит кард, ки ин барнома ба нафъи Русия ва рушди кишварҳои ин минтақа аст. Ба назари ман, ин барнома пеш аз ҳама барои Тоҷикистон муфид аст. Ба ин далел, ки дар ин минтақа бозори энержӣ ташкил мешавад ва ин бозор эҳдоси нерӯгоҳҳо ва хутути интиқоли барқ ба хориҷаро ба дунбол дорад. Ва Русия низ метавонад дар иҷрои ин барномаҳо саҳм бигироад».
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар поёни мулоқоти чорчониба ба аҳамияти ҷирои барномаи КАСАРЕМ таъкид кард. Вай гуфт, ки дар чорчӯби ин барнома ҷуз иҷрои тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои барқ ва нерӯгоҳҳои обиву ҳароратӣ, ҳамчунин иҷрои барномаҳои эҳдоси роҳу пулҳои мошингард, роҳи оҳан, ҳамчунин барномаҳои обёрии заминҳо дар Афғонистон матраҳ аст.
Вай гуфт, ин барнома ба тавсеаи тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ин минтақа кумак хоҳад кард.
Дар гуфтугӯҳои як ба яки Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтугӯи ҳайатҳои ин ду кишвар ин мушкилиҳо матраҳ буд.
Аз ҷумла Андрей Клепач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, ба қарзҳои Тоҷикистон аз коргарони ширкатҳои Русия, ки дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва ҳоло дар нерӯгоҳи «Роғун» кор мекунанд, ишора кард.
Муовини вазири рушди иқтисоди Русия дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё Русия дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саҳм хоҳад гирифт, гуфт, «мо дар бунёди ин тарҳ алоқаманд ҳастем ва ҳоло чанд ширкати Русия пас аз аз «Сангтӯда-1» дар ин ҷо кор мекунанд. Мутаассифона, ҷониби Тоҷикистон дар пардохти ҳуқуқи моҳонаи онҳо қарздор аст. Пеш аз он, ки ба иқдоми дигаре даст занем, бояд ин мушкилро ҳал кунем. Гузашта аз ин иҷрои барномаи нерӯгоҳи «Роғун» ба гуфтугӯҳои байнидавлатӣ ниёз дорад».
Калиди муаммои «Роғун» дар Тошканд?
Андрей Клепач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, мегӯяд, ягона роҳи ҳалли мушкили нерӯгоҳи "Роғун" ҷалб кардани Узбакистон ба ин тарҳ аст
Муовини вазири рушди иқтисоди Русия ба мушкили дигаре таъкид кард, ки ба эътиқоди вай, дар сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» монеа эҷод кардааст. Ҷаноби Клепач афзуд, «равшан аст, ки дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон мушкили зиёде вуҷуд дорад. Ва ба назари ман, ягона роҳи берунрафт аз ин мушкил ҷалб кардани Узбакистон дар иҷрои барномаҳои энержӣ дар Тоҷикистон аст». Ҷаноби Клепач гуфт, «агар дар Тоҷикистон чунин шароит фароҳам шавад, дар он сурат «Роғун» на майдони рақобатҳо, балки майдони ҳамкориҳои байнулмилалӣ хоҳад шуд».