Ҷавонон нигинсозӣ меомӯзанд

Нахустин 30 мутахассиси ҷавони коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ дар маркази таълимии бунёди Рупонӣ дар Хоруғ омӯзиш диданд.
Роҳбари марказ Фарҳат Қурбоналиев гуфт, ки шогирдон таи чаҳор моҳи омӯзиш ихтисосҳои нигинсозӣ, муҳрасозӣ ва сангсофкуниро аз худ карданд. Ба гуфтаи роҳбари марказ, тибқи лоиҳа марказ тасмим дорад, ки дар тӯли ду соли оянда зиёда аз 500 мутахассиси коркарди сангҳоро дар марказ ва навоҳии вилоят тайёр намояд.

Роҳбари марказ баён дошт, ки ба ин мақсад 18 таҷҳизоти суфтакунӣ, сайқалдиҳӣ ва коркарди сангҳо, ки дар Ҳиндустон харидорӣ шудааст, дар хидмати ҳунаромӯзон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Сангмамад Ошурмамадов, сокини як деҳаи дурдасти ноҳияи Рушон, гуфт, хусусияти сангҳо ва тарзи коркардашонро ёд гирифтааст ва азм дорад, ки бо дарёфти қарзи бонки таҷҳизоти арзони сангсуфтакуниро харид намояд ва дар шароити хона ба тайёр намудани ҳар гуна маҳсулот аз онҳо машғул шавад. Вай афзуд, ки дар ҳар қадами деҳоти кӯҳистон сангҳои булур, каммаст, донаи анор, яшм, ақиқ ва навъҳои дигар вомехуранд, ки бо суфта кардану ҷило бахшидан ба маҳсулоти бозоргир табдил мешаванд.


Ба гуфтаи Амал Шамирова, агарчи вай муҳассили Донишгоҳи давлатии Хоруғ аст, аммо завқ аз тамошои муҳраҳои ақиқи қадимаи маҳсули ҳунармадони маҳаллӣ ва шавқи сохтани чунин муҳраҳо вайро ба маркази таълими овардааст.

Мутахасиси сангшинос Малик Музаффаров изҳор дошт, ки қаблан дар корхонаҳои сангкоркардабарории минтақа фақат ҳунарҳои сангтарошӣ ва муҳрасозиро меомӯхтанд, аммо тахассуси нави нигинсозӣ, ки дар марказ таълим дода мешавад, ба мутахассисони ҷавон имконияти бештари баҳрабардорӣ аз сангҳои ороиширо фароҳам месозад.

Вай гуфт, ки нигинсози метавонад ҳатто дар шароити коркарди инфиродӣ ба як намуди ҳунари сердаромад табдил шавад. Ба гуфтаи ин мутахасис дар Бадахшон зиёда аз 300 намуди сангҳои ороишӣ ва ҷавоҳир ҳастанд, ки нигини аз онҳо тайёршуда молӣ бозоргир мебошад.

Муҳаббат Али, мутахассиси бунёди Рупонӣ, изҳор дошт, ки дар доираи чунин як барномаи омӯзишии бунёд тоҷикони шимоли Покистон имконоти бештари баҳрабардорӣ аз манобеи табииро пайдо карданд.

Маркази омӯзиши бунёди Рупонӣ тасмим гирифтааст, ки бо тайёр намудани мутахассисони маҳаллии коркарди сангҳо дар ҳамкорӣ бо мақомот дар оянда корхонаҳои хурди тавлидоти таъсис диҳад. Дар ҳамин ҳол корхонаи хурди коркарди сангҳои ороиши дар Хоруғ, ки нав ба фаъолият пардохт, эълом доштааст, ки чанд тан аз мутахассисони ҷавонро ба кор қабул мекунад.