Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, барои анҷоми нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Тибқи барномаи сафари раисиҷумҳури Покистон, субҳи имрӯз, 29-уми июл, дидору гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Қасри миллат баргузор шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин дар нишасти сарони чаҳор кишвар - Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон - ширкат хоҳад кард, ки фардо дар Душанбе баргузор мешавад.
Баъд аз зӯҳри имрӯз раисиҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай ва фардо президенти Русия Дмитрий Медведев барои ширкат дар нишасти чоргона вориди Душанбе хоҳанд шуд.
Мавзуи калидии нишасти чоргона - амнияти минтақа
Мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия дар шаҳри Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъ дар минтақаи Покистону Афғонистон ноором аст. Ташдиди амалиёт алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Покистон ва дар айни ҳол густариши доманаи ноамниҳо аз ҷануб ба шимолу шарқи Афғонистон - дар марзи Тоҷикистон нигарониҳои амниятиро ба бор овардааст.
Аз сӯи дигар ҳам осоре аз ин ноамнӣ дар Тоҷикистон низ зоҳир шудааст. Даргириҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон ва ду таркиши рӯзҳои гузашта дар шаҳри Душанберо коршиносон ношӣ аз ҳамин ноамниҳо медонанд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносон боздошти ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон ва барномаи роҳандозии инфиҷор ва ноамнӣ дар кишвар, гумони вуруди гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ аз Покистон ва Афғонистон ба фаросӯи Омуро бештар тақвият медиҳад.
Ва аксари коршиносон тахмин мезананд, ки масъалаи амнияти минтақа мавзуи калидии нишасти чоргона дар Душанбе хоҳад буд.
Умедҳо ба сармояи покистонӣ дар тарҳҳои энержӣ
Дар дидори дуҷонибаи Зардорӣ ва Раҳмон интизор меравад, ки мавзуи ширкати Покистон дар сохтмони тарҳҳои энержии Тоҷикистон дар меҳвари баҳсу гуфтугузорҳо қарор бигирад.
Покистон ҳамчун як кишвари ниёзманд ба нерӯи барқ борҳо ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ дар Тоҷикистон ва воридоти барқи арзони обӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Покистон аз солҳои 90 ум ба харидории нерӯи барқи Тоҷикистон алоқамандӣ нишон додааст ва дар ин замина гуфтушунидҳое анҷом шуда буд. Сухан аз боби як қарордоди 500-миллиондолларӣ мерафт, ки мебоист Покистон дар соҳаи энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард. Вале ин музокирот бо сабабҳои амниятӣ нотамом боқӣ монд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Покистон ҳамчунон дар сохтмони нерӯгоҳҳо ва харидории барқи онҳо барои рушди саноати худ алоқаманд боқӣ мемонад. Вале онҳо бо ишора ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, ва тавони сармоягузории Покистон дар тарҳҳои азими энержии Тоҷикистон, ба мисли сохтмони Роғун, шубҳа доранд.
Аммо, мегӯянд коршиносон, Покистон имкон дорад дар сохтмони тарҳҳои силсиланерӯгоҳҳои миёна ва хурд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.
Ҳамкориҳои камранги иқтисодии ду кишвар
Покистон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро шинохт ва дар тобистони соли 1992 сафорати худ дар Душанберо боз кард. Раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон Раҳмон Набиев низ аз аввалин сафарҳои хориҷии худро дар Покистон анҷом дод.
Тайи ду даҳсолаи ахир байни Тоҷикистон ва Покистон 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале то имрӯз ин ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат ҳамкориҳои назаррасе надоштаанд.
Тибқи омори расмӣ ҳачми гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2008 ҳамагӣ 1 миллиону 700 ҳазорро ташкил додааст, ки даҳҳо маротиб камтар аз ҳаҷми додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон будааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин рақам нишондоди зарфияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар нест ва сафари нахустини расмии раисиҷумҳур Зардорӣ ин ҳамкориҳоро такон хоҳад бахшид.

Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта ҳамагӣ 1 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил додааст ...