Издивоҷи бармаҳал ва пайомади он

Мавзӯи сӯҳбати нашри навбатии маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» издивоҷи барвақтӣ ва паёмади он ба хонаводаҳо ва ҷомеа мебошад.
Тақрибан се сол пеш барои дидорбинӣ ба манзили хоҳарам рафта будам. Дар назди ҳавлии баландошёна кӯдакони зиёд бозӣ мекарданд. Духтараки ҳамсоя, ки тақрибан 13-14 сол дошт ва бо кӯдакони дигар туббозӣ мекарду ҳар тараф медавид, баробари маро дидан салом дод ва боз ҳам саргарми бозӣ шуд.

Иттифоқан як сол баъд ба манзили хоҳарам рафтам ва дар наздики ҳавлӣ духтараке бо либосҳои арусӣ аз наздам гузашт ва салом дод, вале ӯро нашинохтам. Ва аз духтари хоҳарам пурсидам, ки ки он духтар кӣ буд. Дар посух дарёфтам, ки ҳамон духтараки ҳамсоя, Сарвиноз будааст, ки як сол пеш бо дигар кӯдакон туббозӣ мекард.

Дар чанд рӯзи пеш боз ҳам ба дидорбинии хоҳарам рафтам ва иттифоқан Сарвинозро дидам, ки бо ҷисми лоғар, ранги парида дар даст тифле ҳам дорад, ки рангкандаву заъиф. Ӯ мисли кӯдаке ба назар мерасид, ки дар даст кӯдак дошт. Аммо он тифл кӯдаки худи Сарвиноз буд.

Сарвинози 14-15-соларо волидайнаш ба як марди тоҷир ба шавҳар доданд, ва андеша доштанд, ки гӯшаи зиндагиашон обод мешавад ва духтарашон хушбахт мешавад. Аммо бархилоф, пас аз тақрибан якуним соли зиндагӣ Сарвиноз аз шавҳар ҷудо шуд ва бо тифли навзодаш, ба истилоҳ, рӯи кӯча мондааст.

Волидайни ӯ хеле мутааасифанд, ки духтари ҳанӯз ба балоғат нарасидаи худро ба шавҳар доданду дар наврасӣ сиёҳбахт карданд. Ва акнун тасмим доранд, ки тифли Сарвинозро назди худ бигиранду парвариш кунанд ва Сарвинозро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи тиббӣ шомил кунанд. Кореро, ки қаблан дар андешааш набуданд.

Бинандаи гиромӣ, ман Барот Юсуфӣ дар ин шумораи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» шуморо ба меҳмонии чанд нафаре хоҳам бурд ва паи таҳқиқ хоҳам шуд, ки фарҳанги издивоҷи барвақтии духтарон дар миёни мардуми Тоҷикистон аз куҷо об мехӯрад, далели инчунин издивоҷҳо чист ва дар зиндагии духтарҳои ҷавон ва волидайн чӣ нақше мегузорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Издивоҷҳои зудҳангом. Чаро?



Бо манзури никоҳҳои номуваффақ эҷоди мушкилоти зиёд дар хонаводаҳои ҷавон ахиран кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хостори тамдиди синни издивоҷ аз 17 ба 19-солагӣ шудааст. Идомаи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» сӯҳбат бо яке аз масъулони ин кумита дар мавриди ҳадафи рӯи даст гирифтани ин иқдом ва назари ҷавонон ба издивоҷи қаблазвақт дар Тоҷикистон аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Издивоҷҳои зудҳангом. Назари расмӣ.


Албатта аксари волидайне, ки фарзандони худ, ба хусус духтаронро ба зудӣ хонадор карданианд, далелҳое барои рӯи даст гирифтани ин иқдоми худ пеш меоранд. Ин кадом далелҳо аст, ки волидайнро ба издивоҷи қаблазвақти фарзандонашон водор мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Издивоҷҳои зудҳангом. Назари волидон



Бинандаи азиз, он гуна, ки шоҳид шудед, иллати аслии издивоҷҳои қаблазвақт махсусан барои духтарҳо дар Тоҷикистон ҳароси волидайн аз бешавҳар мондани духтарон ва муҷозот нашудани афродест, ки фарзандони ноболиғи худро хонадор мекунанд.

Ҳарчанд мусоҳибонам ишорат накарданд, аммо дар солҳои ахир афзоиши муҳоҷирати ҷавонон, ҷавонони синни қобили издивоҷ ба хориҷ аз кишвар аст боиси афзоиши издовоҷҳои қаблаазвақт ва бешавҳар мондани ҳатто як гурӯҳ духтарони наслҳои мухталиф шудааст. Зеро ҷавононе, ки бояд бо ин гурӯҳ духтарон издивоҷ кунанд, дар хориҷ аз кишвар ё издивоҷ мекунанд ва мӯҳлати хонадоршавиашон ба таъхир меафтад.