Тибқи иттилои вазорати молия, қарзи давлати Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ далоили афзоиши қарзро ба таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон рабт дод.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то моҳи июни соли ҷорӣ 1 миллиарду 473 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вазири молия дар робита ба далели афзоиши ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ гуфт, «имконоти молии дохилии ҷумҳурӣ барои барномаҳое, ки иҷрои онро мо рӯи даст гирифтем, кифоят намекунад. Ба ин далел мо сармояҳои хориҷиро ҷалб мекунем ва аз ин рӯ қарзҳои хориҷӣ меафзояд».
Вай гуфт, ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ 25,5 дарсади ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти умумӣ ё нохолиси дохилиро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилӣ дар 6 моҳ аз сӯи кумитаи давлатии омор 7 миллард сомонӣ тахмин зада шудааст.
Ба ҳамин далел бархе аз коршиносон ба ин арқоми ироакардаи вазири молия шак доранд. Аз ҷумла Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа, гуфт «давлат ба далели кам шудани ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти дохилӣ дар буҷаи соли равон таҷдиди назар кард. Ва дар сурате, ки ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти дохилӣ 7 миллиард сомонӣ бошаду қарзҳои дохилӣ 1 миллиарду 473 миллион доллар, дар он сурат қарзҳои хориҷӣ ҳудуди 50 дарсади ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки ин, ба назари ман, нигаронкунанда аст ва дар оянда метавонад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон садамаи ҷиддӣ ворид кунад».
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди 60 миллион доллар кумакҳои билоивази созмонҳои сармоягузори байнулмилалиро ба даст овардааст.
Вазири молия дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи он, ки давлат барои коҳиши қарзҳои хориҷӣ чӣ иқдом кардааст, гуфт, «мо дар бораи кам кардани ҳаҷми ин қарзҳо бо ташкилотҳои сармоягузори байнулмилалӣ гуфтушунид дорем ва пешниҳод кардем, ки ин қарзҳо коҳиш дода шавад. Ва барои пардохти ин қарзҳо ба мо грантҳо ироа кунанд ва ё аз сӯи дигар бахши ин қарзҳоро ба унвони кумак дар иҷрои барномаҳои коҳиши мизони камбизоатӣ дар ихтиёри мо қарор диҳанд».
Вазири молия гуфт, ки ин қарзҳо имтиёз доранд ва мӯҳлати пардохти бархе аз ин қарзҳо то 20 сол ва аз ин беш тӯл дорад. Ва ба ин далел дар пардохти онҳо ҷойи нигароние вуҷуд надорад.
Ҳамҷунин вай афзуд, ки бахши даромад ва хароҷоти буҷа дар 6 моҳ иҷро нашудааст. Вазири молия гуфт, «бо дарназардошти ин маблағҳо дар нимсолаи якум барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад афзуда, касри буҷа беш аз 130 миллион сомониро ташкил додааст».
Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, давлат пардохти маблағҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи коргарон ва бознишастагонро комилан пардохт кардааст ва дар ин бора мушкиле вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои хабарии дохилӣ, давлат аз пардохт накардани ҳуқуқи моҳонаи коргарону бознишастагон дар вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоб дар ин авохир дар ҳудуди 20 миллион сомонӣ қарздор аст.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то моҳи июни соли ҷорӣ 1 миллиарду 473 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вазири молия дар робита ба далели афзоиши ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ гуфт, «имконоти молии дохилии ҷумҳурӣ барои барномаҳое, ки иҷрои онро мо рӯи даст гирифтем, кифоят намекунад. Ба ин далел мо сармояҳои хориҷиро ҷалб мекунем ва аз ин рӯ қарзҳои хориҷӣ меафзояд».
Дар маҷмӯъ қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то моҳи июни соли ҷорӣ 1 миллиарду 473 миллион долларро ташкил медиҳад ...