Коҳиши муҳоҷирони тоҷик ва даромади онҳо

30 дарсади муҳоҷирони тоҷик бар асари аз даст додани шуғли худ дар хориҷи кишвар маҷбур шудаанд, ба Тоҷикистон баргарданд.
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, гуфт ба ин тартиб ҳоло каме бештар аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишваранд.

Вай гуфт: «Албатта, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ сиёсати стратегии давлат бояд бошад. Зеро ин корҳое ки мо то имрӯз кардем, ночиз аст. Ин бозорҳое, ки дар Русия фаъолияташон қатъ мешавад, даҳҳо ҳазор муҳоҷирони кории мо бекор мемонанд. Он ҷо тоҷикон на танҳо аробакаш ҳастанд. Онҷо даҳҳо муҳоҷирони мо ба соҳибкорӣ ва дигар корҳо машғул мебошанд. Акнун Русия муҳоҷиронро дар асоси шартнома тариқи легалӣ қабул мекунад.»

Вазир ҳамчунин гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон ба кишвар 975 миллион доллар сармоя фиристоданд.

Ин маблағ назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 25-28 дарсад камтар, аммо дар қиёс ба нимсолаи аввали соли 2007 каме бештар аст.

Ба ақидаи ҷаноби Зуҳуров, пешбинии таҳлилгарон аз пайомадҳои манфии бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти, чандон дуруст набаромадааст.

Аммо вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Исмоил Талбаков, мегӯяд, ҳамин 40% кам шудани маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ҳам барои Тоҷикистон пайомади манфӣ дорад.

Ба эътиқоди Талбаков, ҳатто хонаводаҳое ки худашон дар Тоҷикистон зиста, як ва ду нафар дар Русия доштанд, асосан хароҷоти таъминоти иқтисодии оилавиро аз ҳисоби ҳамон муҳоҷирон мепӯшониданд.

Вай гуфт: «Дар бисёр ҳолатҳо мардум барои кишти ғалла ва даравидани он аз маблағҳои муҳоҷиронашон истифода мекарданд. Вақте аз онҳо сабаби кишти дувум накарданро мепурсидам, мегуфтанд, ки ҳарсола аз маблағҳои фарзандон ва ё шавҳаронамон кишт мекардем, имсол бошад, маблағ хеле кам фиристоданд.»

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Ҷамшед Бекзода, мегӯяд, сарфи назар аз гум кардани ҷои кор бахши бузурги муҳоҷирон нияти бозгашт ба ватанро надоранд ва ё агар дошта бошанд ҳам, ин як раванди мавсимӣ аст.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, айни ҳол беш аз 4 миллион қувваи қобили меҳнат дар дохили кишвар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод беш аз 2 миллион нафари он дар кишвар кор мекунанд. Беш аз 2 миллион нафари дигар машғули корҳои мавсимӣ мебошанд.