Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Трейсӣ Ҷекобсон дар охирин рӯзҳои фаъолияташ ҳамчун сафири ИМА дар Тоҷикистон.
- Оё Шумо, ки ҳоло барои тарки Тоҷикистон омодагӣ мебинед, аз се соли гузаштаи фаъолият ва умратон чӣ чиз бо худ мебаред?
- Ман ду таассуроти ширин аз Тоҷикистон мебарам. Яке, меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимии мардумаш, ки аз рӯзи омаданам эҳсос кардам ва худро ҳамеша дар хонаи худ дармеёфтам. Дуввум, хотираи табиати зебо, кӯҳҳо ва дарёҳои кишварро, ки иқтидори бемонанди кишвар ҳастанд, фаромӯш нахоҳам кард ва ҳам наметавонам фаромӯш кунам.
- Бубинед, вақте дар бораи равобити ду кишвар сухан меравад, ҳамеша дипломатҳо аз хубии равобит бо ҳукуматҳо мегӯянд. Оё қариб кардани мардумони ду кишвар низ вазифаи сафоратҳо нест?
- Фикр мекунам, мо бо мардуми Тоҷикистон ҳам робитаи хуб дорем. Мо чандин барномаи рӯйи рушди ҷомеаи бозро роҳандозӣ кардаем. Мо бо ҷавонон хуб кор мекунем. Масалан, як истироҳатгоҳи забони инглисӣ дорем барои онҳо. Соли гузашта мо аз рӯйи барномаҳои гуногун 369 нафарро ба Амрико фиристодем. Инҳо аз қишрҳои гуногуни ҷомиа ҳастанд. Аз Амрико ҳоло 70 талабаи макотиб ба Тоҷикистон омада, забони форсиву ӯзбакӣ меомӯзанд.
- Хонум сафир, чанд соли ахир мо ҳам, шояд шумо ҳам, хеле зиёд аз бозии қудратҳо дар Осиёи Марказӣ шунидем. Оё тайи се соли ахир ҳамчун намояндаи Амрико дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фишори бозии бузурги қудратҳо дар минтақаро чӣ гуна эҳсос кардед?
- Ман дар бораи «бозии бузург» дар матбуот мехонам, аммо мо ин ҷо ягон гуна бозӣ надорем. Мо бо ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва мустақил муносибат мекунем. Кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун қисмати як барнома ё қазияи бузург намебинем. Мо бо онҳо мехоҳем равобити дуҷонибаву маъмулӣ ба роҳ монем. Инро ҳам мефаҳмем, ки Тоҷикистон бо чандин кишвари дигар низ ҳамкории хуб дорад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистонро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз» унвон мекунад ва ба назари мо, бо назардошти вазъи минтақа ин дуруст аст.
- Аксари ҳукуматҳои минтақа демократияро ба "шарқиву ғарбӣ" ҷудо мекунанд ва мегӯянд, демократияро намешавад ба ҳеҷ кишваре таҳмил кард, бахусус агар замина вуҷуд надошта бошад. Демократияи Тоҷикистонро тайи се соли ахир чӣ гуна дарёфтед? Шарқӣ, ғарбӣ ё тоҷикӣ?
- Ба фикрам, ин гуна фарқият гузоштан миёни демократияҳои Ғарбу Шарқ сунъӣ аст. Бузургтарин демократияи ҷаҳон дар Шарқ аст. Ҳиндустон. Аввалин таъиноти ман дар вазорати умури хориҷӣ дар Кореяи Ҷанубӣ буд, ки кишварест бо демократияи қавӣ. Ҳар як кишвар пайи демократияи хоси худ аст. Аммо демократияи ҳақиқӣ як шарт дорад ва ин ҳам ҳаққи мардум барои таъйини ҳукумат ва сарнавишти худ тариқи конститутсия ва роҳҳои қонунӣ. Агар мардум дар ягон кишвар ин ҳақро надоранд, пас дар он кишвар демократия нест.
Ба назарам, бузургтарин санае, ки оянда дар тақвими рушди демократия дар Тоҷикистон хоҳем дошт, интихоботи порлумонии феврали соли 2010 аст. Тарзи гузаронидани интихобот як санҷиши демократияи Тоҷикистон хоҳад буд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба ман гуфтанд, ки ин интихоботи беҳтарин дар миёни тамоми интихоботҳои қаблӣ дар Тоҷикистон мешавад.
Аммо демократия на фақат аз ҳукумат бастагӣ дорад. Он ҳамчунин ба хоҳишҳои мардум вобаста аст, ки то кадом андоза нақши муҳими худро дар таъини сарнавишти худ дарк мекунанд.
- Пас чаро ҳукуматҳо мегӯянд, ки мардум омода нест, ё агар иқтисоди қавӣ набошад, демократия ҳам нахоҳад шуд?
- Ман ин гуна фикр намекунам. Иқтисоди қавӣ, воқеӣ, мустақил ва ҳамаҷониба бидуни демократия ба даст намеояд. Яке аз шартҳои калидии иқтисоди муваффақ имрӯз волоияти қонун ва додгоҳи мустақил аст.
- Сафир хонум, боз ҳамон суол: демократияи Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Бале, фикр мекунам, демократия як раванд аст. Чизи муҳим он аст, ки дида шавад Тоҷикистон ба ин самт дуруст меравад ё на. Интихоботи ояндаи порлумонӣ имконияти бузурге дар ин ҷода аст. Мо аз қонуни нави дин баъзе нигарониҳо дорем. Умедворем, ки ин қонун боадолатона амалӣ мешавад ва аз озодиҳои динии мардум ҳимоят мекунад. Вагарна ин қонун қадаме ба қафо аст.
- Назари хонуми сафир ба тамдиди қудрат аз тарафи раисҷумҳурони минтақа чӣ аст? Ва ба ин мавзӯъ, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон надоранд ҳукуматҳои худро бо роҳи осоишта дигар кунанд, чӣ назар доред?
- Ба назарам, тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ бояд тибқи Қонуни Асосӣ, роҳҳои қонунии мавҷуд дар кишвар ва ризоияту хоҳиши мардум сурат гирад.
- Мо зиёд мешунавем, ки кишвари Шумо – умдатарин кӯмакрасони Тоҷикистон кӯмакҳои бахусус молиявиашро ба Тоҷикистон назорат намекунад ва ин мӯҷиби ба ҳадаф нарасидани кӯмак мешавад. Шумо чӣ назар доред?
- Мо барномаҳои ҳамаҷониба ва ҷиддии назорати кӯмакҳоро дорем. Ҳамчунин мо онро низ назорат мекунем, ки оё барномаҳои мо чӣ натиҷа додаанд. Масалан, барномаҳои кӯмак ба маризони сил ва сиҳатии модару кӯдакро қадам ба қадам назорат кардем. Дар соҳаи маориф низ барномаҳои муваффақ дорем. Дар соҳаҳои иқтисод, кӯмаки фаннӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ низ.
Мо барои тағйири Қонуни замин ба ҳукумат кӯмак кардем. Ҳазорҳо деҳқону намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо кӯмаки мо дар додгоҳҳо пирӯз шуданд. Мардум нодуруст фикр мекунанд, ки мо ба ҳукумат кӯмаки молиявӣ мекунем. Мо ба ҳукумат таҷҳизоти фаннӣ медиҳем ва барои беҳ кардани зерсохторҳо мусоидат мекунем.
Кӯмакҳои башардӯстонаро ҳам мустақим ба мардум худамон мерасонем. Ва мо натиҷаҳоро мебинем, бахусус дар соҳаи амният. Мо ифтихор мекунем, ки гурӯҳи аз мо тамриндидаи марзбонон бо истифода аз дидбонгоҳҳои сохтаи мо ва таҷҳизоти додаи мо қочоқбарони маводи мухаддирро дастгир мекунанд. Ин муваффақияти муштараки мост.
- Ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна мебинед, бахусус дар пасманзари он ки рӯзгори мардум рӯз ба рӯз бо мушкилиҳои нав дучор меояд ва рӯҳияҳои пессимистона дар ҷомеа меафзоянд?
- Ба ояндаи Тоҷикистон хушбин ҳастам. Ман бо ҷавонони тоҷик чӣ дар донишгоҳҳои ин ҷо ва чӣ онҳое, ки озими омӯзиш ба Амрикоянд, зиёд мулоқот доштам. Онҳо хеле хушбин ҳастанд. Ман аз онҳо илҳом мегирам.
- Сафире, ки ба ҷойи Шумо хоҳад омад, чӣ касе хоҳад буд? Масалан, мо мешунавем, ки он кас дар қиёс бо Шумо ва ҷаноби Ричард Ҳоугланд, сафири собиқ, эҳтиёткортар ҳастанд?
- Ман намедонам, ин гап ки ӯ эҳтиёткор аст, аз куҷо пайдо шудааст. Ин суханон воқеият надоранд. Кен Грос дипломати касбӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам кор кардааст. Рӯзи панҷшанбе дар сенат суханронӣ мекунад. Умедворам, ки сенат номзадии ӯро ба сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ хоҳад кард. Ман ба ӯ барори кор мехоҳам. Ӯ инсони хушбахт аст, зеро бори дуввум ба Тоҷикистон меояд.
- Хонум сафир, ташаккур, барои ин сӯҳбат, ки бидуни мусоидати Шумо баргузор намешуд.