Бо сабаби муишкилиҳои омӯзиши тоҷикӣ барои худи тоҷикон ва хориҷиён, омӯзгорон таъсиси як маркази ягонаи таълими забонро пешниҳод мекунанд.
Маргарет Таливан, сокини аёлати Миссурии Амрико, танҳо як сол пеш ба Тоҷикистон омадааст.
Вай мегӯяд, таваҷҷӯҳи хусусӣ ба ин кишвар ва як гӯшаи дурдасти Осиёи Марказӣ ӯро ба ин ҷо овардааст, то забони тоҷикиро ҳам аз худ кунад.
Маргарет дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ мушкилоте дар роҳи омӯзиши забони тоҷикӣ доштааст, аммо омӯзиши ин забон дар Тоҷикистон дар қиёс ба Амрико хеле осон будааст: “Дар Амрико тақрибан мумкин нест забони тоҷикиро хуб ёд гирифтан. Чунки он ҷо кам одамоне ҳастанд, ки тоҷикӣ дарс медиҳанд. Аз ин рӯ, барои амрикоиҳо бисёр муҳим аст, ки мустақим ба Тоҷикистон оянд ва забони ин мардумро биомӯзанд.”
Маргарет Таливан аз ҷумлаи даҳҳо донишҷӯйи хориҷист, ки барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба ин ҷо меоянд. Вай мегӯяд, пайдо кардани дӯстони ҷавон дар Тоҷикистон барои ӯ як усули хуби аз худ кардани забони тоҷикӣ буд. Б
а гуфтаи Маргарет, вай ҳарф мезаду дӯстони тоҷикаш иштибоҳҳои забонии ӯро ислоҳ мекарданд: “Дар аввал аз китоби Азим Байзоев дарс мехондем. Илова ба ин аз вебсайти Радиои Озодӣ ва Би-Би-Сии тоҷикӣ чанд мақола гирифта аз тоҷикӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Ва ҳам барои ман бисёр муҳим буд, ки дӯстони ҷавони тоҷик дорам барои даҳ-понздаҳ соат бо онҳо дар ҳафта сӯҳбат мекунам. Ҳар чизе, ки нодуруст аст, онҳо ба ман мегӯянд ва ин роҳи саҳли аз худ кардани забон аст.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Фаридун Камолиддинов, устоди забони тоҷикӣ дар созмони Шӯроҳои амрикоӣ оид ба омӯзиши забонҳо дар Душанбе, онҳо ба ҳангоми таълими забони тоҷикӣ аз камбуди дастури таълимӣ ранҷ мебаранд.
Вай мегӯяд, онҳо то кунун аз рӯйи дастурҳои таълимие ба хориҷиён дарси забони тоҷикиро омӯзиш медиҳанд, ки ҳанӯз дар Шӯравии пешин таҳия ва нашр шуда буд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, аксари шаҳрвандони хориҷӣ ба усули интерактивӣ ё зиндаи омӯзиши забонҳо одат кардаанд.
Вай гуфт: “Ҳангоми таълим ва кор бо донишомӯзони хориҷӣ мушкили мо аввалан маводи таълимӣ, аз ҷумлаи китобҳои дарсӣ ё худомӯзҳост. То ҳанӯз ҳам мо аз китоби Арзуманов истифода мекунем, ки ин солҳои ҳаштодум дар Тоҷикистон чоп шуда буд. Китоби олӣ, аммо мутассифона, ин китоб ҷавобгӯйи усули таълими Шӯравӣ аст, на муосир. Ва ин хориҷиҳое, ки барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба ин ҷо меоянд, умуман инҳо таҷрибаи дигари омӯзиши забонҳоро доранд.”
Фаридун Камолиддинов, ки мегӯяд созмони онҳо ҳамасола ҳудуди даҳ донишомӯзи хориҷиро бо таълими забони тоҷикӣ фаро мегирад, ба мушкили тартибу таҳияи луғатҳо ҳам ишора мекунад. Вай мегӯяд, борҳо аз забони донишомӯзони хориҷияш шунидааст, ки гуфтаанд чаро то ҳоло дар Тоҷикистон луғатҳои ҷайбӣ ё хурд вуҷуд надоранд.
Ба назари ҷаноби Камолиддинов, ин ҳам аз ҷумлаи мушкиле ҳаст, ки садде барои омӯзиши комили забони тоҷикӣ эҷод мекунад: “Мушкилиҳои дигар ҳам ҳастанд. Масалан, дар Тоҷикистон роҳнамои забони тоҷикӣ на барои сайёҳон ва на барои навомӯзон вуҷуд надорад. Албатта, агар роҳнамои забони тоҷикӣ нашру паҳн мешуд, ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои навомӯзони забони тоҷикӣ кӯмак мекард”.
Иршод Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол таъсиси маркази ягонаи омӯзиши забони тоҷикӣ барои хориҷиён ва онҳое, ки таваҷҷӯҳ ба омӯзиши комили ин забонро доранд, зарур мешуморад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз минбарҳои баланд пуштибони забони тоҷикӣ будани худро баён доштаанд, аммо амалан барои пуштибонӣ аз ин забон, ки дар худи ҷомеа дуруст истифода намешавад, кори чашмрасеро анҷом надодаанд.
Бо ин ҳама, рӯшан нест, ки агар як амрикоӣ ё олмонӣ ва ё намояндаи ҳар миллати дигар ба Тоҷикистон биёяд ва кӯшиши омӯзиши сарфу наҳв ва гуфтугӯи забони тоҷикиро кунад, бояд ба куҷо равад ва ба кӣ муроҷиат кунад? Дар ҳоле ки ба гуфтаи Маргарет Таливан, сокини аёлати Миссурии Амрико, омӯзиши забони тоҷикӣ барои ӯ ва ӯ барин хориҷиҳо акнун аз манфиат холӣ набудааст.