Cаволи Шумо ба Акбари Турсон

Донишманди тоҷики муқими Амрико, Акбари Турсон, меҳмони навбатии "Озодӣ" дар гуфтугӯи мустақими интернетӣ хоҳад буд.
Ин гуфтугӯи "online" рӯзи 30-юми июл, аз соати 15:00 то 18:00 ба вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Хоҳишмандони мулоқот бо ин файласуф ва кайҳоншиноси тоҷик метавонанд, дар рӯзу соатҳои зикршуда ба сомонаи мо ворид шаванд ва бевосита ба Акбари Турсон суолу ҷавоб кунанд.

Ҳамчунин Шумо метавонед, бо пахш кардани ин ҷумлаи сабз ба сафҳаи вижа биравед ва пурсишҳои худро пешакӣ бифиристед.

Мо ҳама интизори сӯҳбати гарми Шумо бо ин донишманди тоҷикем!

Акбари Турсон ахиран як рисолаи муфассале бо номи «Ҳумоюн ва Зулқарнайн» (фалсафайи таърихи тоҷикон)-ро менависад, ки ба масъалаҳои зайл тамаркуз дорад:

  • (1) Нақши иҷтимоии «рӯшанфикрон»: «Шикоят аз замону шиква аз бахти нагун то кай?»
  • (2) Нақши дин дар ҷомеа: «Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост!»
  • (3) Вазъи кунунии забони тоҷикӣ: «Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!»
  • (4) Сабабу оқибатҳойи ҷанги ҳамватанӣ: «Моро чӣ гуна зебад, даъвии бегуноҳӣ?!»
  • (5) Худшиносии миллӣ: «Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонӣ!»
  • (6) Ташаккули давлати миллӣ ва идеалҳойи он: «Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?!»
  • (7) Ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?»

Cаволи Шумо ба Акбари Турсон

Понздаҳ соли охир файласуф ва кайҳоншиноси тоҷик Акбари Турсон дар Иёлоти Муттаҳида Амрико ба сар мебарад, аммо садҳо мақолаву маърӯза ва рисолаву пажӯҳише, ки дар ин давра навиштааст, ҳамагӣ ба таърих, адабиёт, ҷомеашиносӣ ва таҳаввулоти Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Дар соли 1989 дар таҳияи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон ширкати фаъол дошт ва дар соли 1993 пешнависи Дурнамои рушди Тоҷикистонро ба раҳбари нави кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд. Дар соли 1992 ҳамроҳи дигар рӯшанфикрони тоҷик барои пешгирӣ аз ҷанги Тоҷикистон байни мухолифон ва ҳукумати президент Набиев миёнравӣ карда буд.