Рӯзи 20 июл ба нахустин парвози инсоният ба Моҳ дуруст 40 сол пур мешавад. Ин ҳодиса аз мондагортарин рӯйдодҳои асри 20 буд.
Чиҳил сол муқаддам дар таърихи 20 июли соли 1969 чашми миллионҳо дар саросари олам ба телевизорҳои сиёҳу сафеди он замон дӯхта шуд, ки чигуна аз киштии кайҳонии “Игл” ё “Уқоб” берун шудану ба рӯи Моҳ пой гузоштани фазонаварди амрикоӣ Нейл Армстронгро намоиш медод. Ба дунболи Армстронг ситоранаварди дуввум Баз Элдрин низ ба руи Моҳ пой монд. Аввалин паёми аз Моҳ фиристодаи Армстронг ва навори видиёии фатҳи Моҳ аз ҷониби одам ба ёдгориҳои абадии таърихӣ табдил ёфтанд.
Армстронг он замон, ки нахустин қадамҳояшро дар рӯи ин радифи Замин мегузошт, гуфта буд: “Ин барои як инсон қадами хурде,вале барои инсоният қадами бузург аст.”
Армстронг ва Элдрин дар Моҳ 21 соатро сипарӣ намуданд ва аз ҷумла дувуним соаташ хориҷ аз киштии кайҳонӣ, дар рӯи Моҳ, ба қавле, “қадам заданд”, яъне ҳаддалимкон акс мебардоштанд ва аз сангу аҷсоми дигари Моҳ намунаҳоеро ҷамъ меоварданд. Ситоранавардони амрикоӣ парчами Амрикоро низ бо ин лавҳа, ки “мо барои тамоми инсоният бо сулҳ омадем”, дар Моҳ насб карданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи Оҷонси кайҳонавардии Амрико - НАСА - дар маҷмӯъ 12 ситоранаврди амрикоӣ аз Моҳ дидан карданд ва аммо баъд аз соли 1972 сафарҳо ба Моҳ қатъ шуд.
Фатҳи моҳ дар соли 1969 барои ИМ, ки дар омӯзишу фатҳи кайҳон бо Иттиҳоди Шуравӣ вориди сабқат шуда буд, дар воқеъ як пирӯзии бузург маҳсуб мешуд. То он замон дар ин сабқат Маскав бартарӣ дошт, чунки аввалин шуда моҳвораи сунъиро ба мадори Замин фиристод ва нахустин инсоне ҳам, ки ба кайҳон парвоз кард, низ шаҳрванди шӯравӣ Юрий Гагарин буд.
Ва акнун бо гузашти чиҳил сол НАСА қасд дорад барномаи мутаваққифшудаи омӯзиши Моҳро аз сар бигирад. Тибқи хабарҳо, НАСА мехоҳад дар рӯи Моҳ як истгоҳи доимӣ бунёд кунад ва ин истгоҳ бахши барномаи парвозҳо ба сайёраи Миррих хоҳад шуд. Раиси бахши маъмуриятҳои омӯзишии манзумаи шамсии НАСА Ҷон Олсон ҳадафҳои бозгашт ба Моҳро чунин шарҳ дод: “Барномаи “Парвин” аз барномаи “Апполо” бо он фарқ мекунад, ки шумораи ситонавардоне, ки ба рӯи Моҳ фуруд меоянд, ду маротиба меафзояд ва онҳо дар онҷо 7 рӯз ба сар хоҳанд бурд. Албатта, маъмурияти “Апполо” хеле кӯтоҳтар буд. Мо инчунин мехоҳем ба ин истгоҳ дастрасии доимӣ ва ҳар вақте ки хоҳем имкони бозгашт дошта бошем. Ин маънои онро дорад, ки дар ивази маҳдуд будан бо минтақаҳои назди устувоии Моҳ, мо кӯшиш дорем қобилияти рафтан ба назди қутбҳо ва минтақаҳои устувоии ин ситораро дарёфт кунем”.
Олсон гуфт, ки маъмурият ба Моҳ барои инсоният ҳамчун омодагӣ ба парвозҳо ба Мирих ва дигар ҷойҳои дурдастӣ кайҳон хизмат хоҳад кард. Аз соли 2004 ки сарвари вақти Амрико Ҷорҷ Буш стратегияи густардаи рушди НАСА-ро муаррифӣ кард, ин оҷонсӣ бо ситоранавардони қаблӣ мавзӯъи парвозҳо ба Моҳро ба таври фаъол муҳокима мекунад.
Элдрин, ки Амстронгро дар сафари 40 сол пеш ба Моҳ ҳамроҳӣ мекард, ба радиои Озодӣ гуфт, аз назари вай, дар муқоиса бо Моҳ муҳити Миррих барои ҳаёти инсон дӯстонатар аст: “Ҳама он чизе ки мо дар бораи Миррих медонем, ҳокист, ки дар муқоиса бо Моҳ беҳтар аст, дар Миррих имкони ташкили зиндагии инсонро озмоиш кунанд. Албатта, Моҳ наздиктар аст, мо метавонем ба онҷо муҳимоти бештар фиристем. Барои он ки Моҳ наздиктар аст, мо метавонем корҳое анҷом диҳем, ки аз нигоҳи бозаргонӣ ҷолибанд, назири табдили ях ба об, оксиген ва ҳидроген, сӯзишвории сафинаҳо барои касби қобилияти фиристодани мардум ба системаи назди саёраи Замин ва Моҳу Миррих.”
НАСА нахустин моҳвораашро ба мадори моҳ дар соли гузашта фиристод. Ин моҳвора захираҳои манобеъи энержии Моҳро бодиққат дар харита қайд хоҳад кард. Дар охирҳои соли ҷорӣ ба Моҳ роботҳоро мефиристанд ва дар соли 2015 нахустин парвози инсон ба Моҳ дар асри 21 барномарезӣ шудааст.
Армстронг он замон, ки нахустин қадамҳояшро дар рӯи ин радифи Замин мегузошт, гуфта буд: “Ин барои як инсон қадами хурде,
Ин барои як инсон қадами хурде, вале барои инсоният қадами бузург аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад