Солгарди нахустин қадами инсон дар рӯйи Моҳ

Акси ситоранаварди амрикоӣ Базз Алдринро шарикаш Нил Армтсронг бардоштааст.

40 сол пеш, 20-уми июли соли 1969 миллионҳо нафар дар назди телевизионҳои худ нишастанд, то нахустин қадами инсонро дар рӯи моҳ мушоҳида кунанд.
Ин навори хира ва сиёҳу сафед нишон медиҳад, ки ситоранаварди Иёлоти Муттаҳида, Нил Армстронг аз сафинаи "Игл" қадам ба рӯйи моҳ мегузорад ва аз паси ӯ шарикаш Базз Алдрин ба ӯ пайравӣ мекунад.

Аввалин суханони Армстронг якҷо бо ин навори нахустин гоми инсон ба моҳ аз он лаҳза ба ёдгориҳои таърихӣ табдил ёфтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аввалин қадами инсон ба моҳ