Изҳороти Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати Мирзо Зиёев вокунишҳои гуногун ба бор овардааст.
Санавбар Шерматова, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, ки изҳороти мақомоти Тоҷикистонро аз Маскав пайгирӣ кардааст, яке аз онҳост. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки иттиҳомоти зидди Мирзо Зиёев ба табиати шахси вай хос нест:
"Медонед, Мирзо Зиёев як чеҳраи намоён дар Тоҷикистон буд. Ӯ нафаре буд, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ва ҳам баъди имзои созишномаи сулҳ нақши муҳиме бозидааст. Вай дар ҳама сангарҳо хизмат кардааст: ҳам дар миёни мухолифон, ҳам дар миёни ҳукуматиҳо. Вай вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон буд. Давраи вазирӣ як давраи хеле барҷастаи фаъолияти вай маҳсуб мешавад. Дар ду ҳодисаи пурсарусадои ҳамлаи ҳаракати исломии Ӯзбакистон болои Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар солҳои 1999 ва 2000 исми ӯро бо ин гурӯҳ вобаста мекарданд, мегуфтанд, ки вай ба Ҷумъаи Намангонӣ таъсир карда метавонад. Масалан, бо мудохилаи Мирзо Зиёев қазияи рабоиши геологҳои ҷопонӣ аз ҷониби ҷангиён дар Қирғизистон ҳалли худро пайдо карда буд. Ӯ ҳамингуна як бозигар буд ва ӯ одат дошт, ки дар сангарҳои мухталиф бозӣ кунад, аммо хеле шахсияти сулҳпарвар буд. Масалан, ман аз сӯҳбатҳои баъзе мухолифини Тоҷикистон медонам, ки баъди он ки онҳо бо вазъи Афғонистони харобу ҷангзада аз наздик шинос шуданд, як бахши ҷангиёни Тоҷикистонӣ ҳам қароре қабул карданд, ки набояд иҷоза диҳанд, ки Тоҷикистон ҳам ба Афғонистони дуюм табдил шавад. Мирзо Зиёев яке аз онҳо буд. Ӯ як муддат баъди имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин кор кард. Ин ҷо як чизи муҳими дигар ҳам ҳаст, ки вай ба сохтори имрӯзаи элитаи Тоҷикистон мутобиқ нашуд. Сохтори раҳбарикунандаи Тоҷикистон алаккай шакл гирифтааст ва Мирзо Зиёев ба ин ҳалқа намечаспид, вай бегона буд. Ва вай барои Тавилдара ҳам, ки охирин солҳо зиндагӣ мекард, бегона буд, чунки ҷангидан намехост. Ва ҳоло бо шунидани изҳороти вазоратҳои қудратии Тоҷикистон мушаххасоти марги ӯ маълум нест. Боварнакарданист, ки вай якбора ба ҳайати шӯришиён пайваст ва баъдан якбора боз халъи силоҳ шуд. Ин чиз ба табиати Мирзо Зиёев наздик нест".
Озодӣ: Аммо он чиро, ки чанд моҳи охир дар Тавилдара мегузарад, шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
"Дар Тавилдара чӣ мегузарад? Комилан мушаххас аст, ки ҷангиёне, ки ҳоло дар он ҷо фаъол шудаанд, аз Покистон омадаанд. Соли 2006 айнан ҳамин гуна ҳолат шуда буд. Вақте каи амалиёти зиддиҷангиён шурӯъ шуд, ин силоҳбадастон, ки дар миёнашон тоҷикҳову ӯзбакҳову афғонҳову чеченҳо буданд, фирор карда ба қаламрави Осиёи Марказӣ гузаштанд. Он вақт амалиёти муштараки тоҷикҳову қирғизҳову ӯзбакҳо анҷом шуда буд ва зуд хотима ёфт. Амалиёти ҳозира дар Афғонистону Покистон густардатар аст ва ҷангиён ҳам инро хуб дарк мекунанд. Ва онҳо ба ин ҷойҳо омаднад, ба Андиҷон, ба Тоҷикистон омаданд. Он чизе ки дар Тавилдара мегузарад, мавҷи дуюми муқовимати мухолифин аст. Албатта ба он андоза бузург нест, чунки мисли даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон пуштибонии молӣ надораду аз берун ҳам тарафдорӣ намешавад. Ин одамҳо маҷбур шуданд ба ватани бобоии худ баргашта, бо як роҳе дар он ҷо мустақар шаванд. Ва дар рӯзҳои наздик маълум мешавад, ки то куҷо инҳо қудратманд буда мақсаду ҳадафҳои онҳо аз чӣ иборат аст. Инчунин ин амалиёт омодагии нерӯҳои ҳукуматиро ба намоиш мегзуорад, ки то кадом андоза барои муқобила бо ин гурӯҳҳо тавонманд ҳастанд. Хулоса дар ин минтақа ҳоло ҳодисаҳои зиёде рӯй медиҳад, ки бояд аз таҳаввулоти он мушоҳида кунем".