Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ байни наврасон, ки 8-уми июл дар шаҳри Брессанони Итолиё оғоз ёфт, инчунин, се варзишгари ҷавони тоҷик ширкат доранд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ варзишгарони ҷавони тоҷик Абдулқодир Баротов ва Сӯҳроб Хоҷаев дар гурзандозӣ, Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр ҳунарнамоӣ мекунанд.
Сабқати ҷаҳонии наврасон то рӯзи 12-уми июл идома хоҳад кард.
Сабқати ҷаҳонии наврасон то рӯзи 12-уми июл идома хоҳад кард.