Қатъи фаъолияти мактаби "валдорфӣ"-и Хуҷанд

Мақомоти додситонии Хуҷанд қарори шаҳрдорӣ дар мавриди таъсиси фаъолияти нахуст мактаби усули валдорфиро бекор карданд.
Мақомоти додситонӣ мегӯяд, масъулони ин мактаб як силсила муқаррароти қонунҳои Тоҷикистонро вайрон карда, аз ҷумла бидуни мҷозатнома ва бидуни ойиннома фаъолият доштааст.

Дар мактаби усули валдорфӣ машғулиятҳо умдатан ба таври давравӣ, яъне омӯзиши ҳар як фан дар тӯли чаҳор ҳафтаи таҳсил сурат гирифта, толибилмон пас аз сипари шудани чорҳафта ба омӯзиши як фанни дигар мепардозанд. Дар мактаби валдорфӣ таълими толибилмро аз синфи як то хатми мактаб умдатан як омӯзгор бар дӯш мегирад.

Мактаби рақами 1, ё мактаби озоди валдорфӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 2004 таъсис ёфта, ҳудуди 220 толибилм ва 35 омӯзгор доштааст.

Аммо тавқифи фаъолияти ин мактаб мояи нигаронии волидон шудааст. Хурсандой Икромова, ки ду наберааш дар мактаби валдорфӣ озодона сабақ мегиранд, гуфт, бо баста шудани мактаб намедонад, чӣ кунад, чунки набераҳои ӯ шавқи таҳсил дар макотиби дигарро надоранд.

Мавлуда Ашӯрова, як омӯзгори мактаби валдорфӣ, як сабаби қатъи фаъолияти мактабро ба бархӯрди боғарази бархе мақомот вобаста медонад. Ба гуфти ӯ, «ин мактаб дархури бисёре аз кормандони маориф нест. Се маротиба атестатсия гузориданд, натиҷаашро ҳеҷ кас намедонад. Аммо дар маҷлиси дирӯза гуфтанд, ки натиҷаҳо хеле хуб буд. Одатан натиҷаи санҷишҳои атестатсиониро барои мо маълум намекунанд».

Адолат аз хонандагони мактаби валдорфӣ аст, ки имсол синфи 7-умро хатм кард. Ӯ мегӯяд, мехост таҳсилро дар ҳамин мактаб ба анҷом расонида, сипас дар ягон донишгоҳи хориҷӣ идома диҳад. Адолат мегӯяд, ҳаргиз интизор надошт, ки мактаби онҳоро мебанданд.

Дар ҳамин ҳол масъулини идораи маорифи Хуҷанд гуфтанд, ки бо баста шудани мактаби валдорфӣ хонандагону омӯзгорони он ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли хониши 2009-2010 фаро гирифта хоҳанд шуд.