Нишасти сарони Ҳаштгона ё G-8 ба масъалаҳои бӯҳрони иқтисодӣ, тағйири иқлим ва ошуфтагиҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон тамаркуз мекунад.
Нишасти серӯза дар шаҳри Лакуилла баргузор мешавад, ки се моҳи пеш бар асари силсилаи зилзилаҳои харобиовар қариб ба хок яксон шуд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин раҳбарони чанд давлати дар ҳоли рушд ширкат мекунанд.
Ҳамоиши Итолиё бо раддубадали раҳбарони Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопону Русия дар мавридитадбирҳои зиддибӯҳронии кишварҳояшон шурӯъ шуд.
Аммо ба ин ҳамоиш на танҳо раҳбарони кишварҳои мавсум ба G-8 ҳозир шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқоти серӯзаи раҳбарон инчунин пешрафтҳову мушкилоти иқтисодҳои босуръат тавсеаёбандаи Ҳинду Чин ва давлатҳои дигари Мисру Туркияву Бразилия баррасӣ хоҳад шуд.
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳангоми муқобила бо масоили аслии иқтисодии рӯз кишварҳои G-8 дигар танҳо қудратҳое нестанд, ки дар ҳалли ин мушкилот мавқеи бартариятро дошта бошанд.
Шакли васеътари ин гурӯҳ мавсум ба G-20 апрели имсол дар Лондон гирди ҳам омада нишасти муҳимро дар масъалаи бӯҳрони иқтисодӣ баргузор карда буд.
Ва чунин як ба истилоҳ интиқоли қудрат ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби садри аъзами Олмон Ангела Меркел эътироф шуд, ки гуфт G-20 бояд як ҳамоиши воқеие бошад, ки ба ҳалли амалии масоили ҷаҳон тамаркуз кунад.
Раҳбарони гирдомада дар Лакуилла бояд дар масоили тағйироти иқлим, кӯмакҳо ва рушди қораи Африқо ба иттифоқи назар даст ёбанд. Инчунин, масъалаи бесуботиҳои сиёсии Эрон баъди интихобот яке дигар аз масоили мавриди баҳси раҳбарон дар Итолиё хоҳад буд.
Дар мулоқоти моҳи гузаштаи вазирони хориҷаи гурӯҳи G-8 дар Триест ҳарчанд аз хушунатҳои Эрон изҳори нигаронӣ шуд, вале ба таври мушаххас аз раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ барои саркӯби эътирозгарон интиқоди бахусусе садо надод.
Хабарнигори радио Фардо Аҳмади Рафъат, ки нишасти гурӯҳи G-20-ро бевосита аз Лакуилла пайгирӣ дорад, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, дар нисбати Эрон баъид аст, ки раҳбарони ин кишварҳо мавзеи воҳид, қотеъ ва шадидлаҳнеро ба намоиш гузоранд.
Бояд гуфт, дар оғоз қарор буд дар ин нишаст ҳамчунин раҳбари Чин иштирок кунад, вале субҳи чоршанбе маълум шуд, ки вай бо сабаби нооромиҳои идомаёбанда дар вилояти Шинҷони кишвараш баъди боздиди дурӯза аз Итолиё ба ватан баргашт.
Нишасти гурӯҳи G-8, тавре гуфтем, дар Лакуилла ҷараён мегирад. Ин шаҳри ҳанӯз аз зилзилаи харобиовари моҳи апрел ба худ наомадаасту барои барқарории пурраи ин шаҳри қадима фурсат ва сармояҳои зиёд лозим аст.
Дар паи ин офати табиӣ даҳҳо ҳазор мардум бехонаву дар шуда бисёриҳо ҳамоно дар хайма ва ё меҳмонхонаҳо ба сар мебаранд. Ба нишони ҳамраъӣ бо мардуми Акуилла раҳбарони гирдомада ҳам на дар манзилҳои беҳтарину махсус таҳияшуда, балки дар бинои полиси молиявии маҳаллӣ ҷо дода шуданд.
Ҳамоиши Итолиё бо раддубадали раҳбарони Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопону Русия дар мавриди
Қарор буд дар ин нишаст ҳамчунин раҳбари Чин иштирок кунад, вале субҳи чоршанбе маълум шуд, ки вай бо сабаби нооромиҳои идомаёбанда дар вилояти Шинҷони кишвараш баъди боздиди дурӯза аз Итолиё ба ватан баргашт...