Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс "дидори ҳамсоягон"-ро ташаббуси ироқиҳо номид


Вашингтон Френк Ксонгос Изҳороти хонуми Райс аз тарафи нозирони авзоъ баёнгари тағйире дониста мешавад, ки дар сиёсатҳои ҳукумати Амрико ба вуқӯъ пайвастааст.

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш муддати мадиде даъватҳои бархе аз аъзои Конгресс ва Гурӯҳи мустақили мутолиъаи вазъи Ироқро дар бобати ҷалби Эрону Сурия ба ҳалли мушкили Ироқ ё ношунида мегирифт ё ба онҳо муқовимат мекард.

Кондолиза Райс гуфт, андешаи мулоқоти чаҳорҷониба миёни Амрико, Ироқ, Эрон ва Сурия ташаббуси сарвазири Ироқ Нурӣ Ал Маликист ва Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонӣ мекунад:

"Сарвазир Маликӣ бар ин аст, ки муваффақияти Ироқ ба пуштибонии мусбати ҳамсоягонаш ниёз дорад. Президент Буш ва ман бо Маликӣ ҳамфикрем. Албатта, ин яке аз хулосаҳои асосии Гурӯҳи Мутолиъаи вазъи Ироқ ва як меъёри муҳиме буд, ки бисёриҳо дар Сено ва Конгресс ба таваҷҷӯҳи мо расондаанд. Ва ман гуфтугӯҳои босамаре доштам дар бораи тарзи иҷрои он. Бад-ин тартиб ман хушҳолам ба шумо хабар диҳам, ки ироқиҳо як ташаббуси нави дипломатиро сар кардаанд ва мо мехоҳем ба таври комил аз он пуштибонӣ кунем."

Вашингтон равобиташро бо Теҳрон дар соли 1980 қатъ карда буд. Дар ҳафтаҳои ахир ИМ Эронро айбдор мекард, ки ба ошӯбгарони ироқӣ силоҳ медиҳад, аммо ин иттиҳомро мустақиман ба ҳукумати Эрон нисбат намедод. Ду кишвар ҳамчунин рӯи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон бо ҳам дар ихтилофанд. Эрон мегӯяд, ҳадафаш аз фаъолиятҳои ҳастаӣ сулҳомез аст, вале Иёлоти Муттаҳида бар ин аст, ки Теҳрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ талош мекунад.

Дар Бағдод, намояндагони ҳукумати Ироқ эълон карданд, ки мулоқоти, ба гуфтаи Райс, "дидори ҳамсоягон"-ро дар нимаҳои моҳи март баргузор кунанд. Ба ин мулоқот ҳамчунин аъзои Лигаи кишварҳои араб ва панҷ узви доимии Шӯрои амният -- Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия низ даъват шудаанд. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Ироқ гуфт, аз Сурия дар мулоқот Аҳмад Арнус, ёвари вазири корҳои беруна ширкат хоҳад кард ва Эрон низ тасдиқ кард, ки дар ин нишаст ҳузур хоҳад дошт.
Хонуми Райс ба аъзои кумитаи Сенои Амрико гуфт, қарор аст, пас аз нишасти моҳи март, мулоқоти дигаре бо ширкати вазирони умури хориҷӣ барпо шавад:

"Ҳукумати Ироқ ба ташкили мулоқоти васеътари ҳамсоягон омодагӣ мегирад. Ин мулоқот нахуст дар сатҳи поёнии вазоратҳо дар нимаи аввали моҳи март дар Бағдод барпо хоҳад шуд. Ба он ҳамсоягони девордармиёни Ироқ ва намояндагони дигар давлатҳои минтақа, созмонҳои байнулмилал ва аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ба шумули Иёлоти Муттаҳида даъват шудаанд."

Мулоқоти дуввум, ба гуфтаи хонуми Райс, ҳамчунин намояндагони қудратҳои пешрафтаи саноъатӣ ва ё ба истилоҳ, Ҳаштгонаро низ дар бар хоҳад гирифт.

"Ба думболи мулоқоти нахустин ва эҳтимолан дар нимаи аввали моҳи апрел айни чунин нишаст бо ширкати вазирон барпо хоҳад шуд. Боз ҳам бо ширкати давлатҳои минтақа, ҳамсояҳо, созмонҳои байнулмилал ва панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва эҳтимолан бо изофаи аъзи Ҳаштгона. Ман мехоҳам, қайд кунам, ки ҳукумати Ироқ ҳамаи ҳамсоягонаш, аз ҷумла Сурия ва Эронро ба ҳарду мулоқоти минтақавӣ даъват кардааст."

Дар Лондон, Вазорати корҳои хориҷии Бритониё аз ин изҳорот истиқбол кард ва гуфт, ҳукумати Бритониё ҳама кори метавонистагияшро хоҳад кард, то ин мулоқот муваффақият пайдо кунад.

Дар рафти баҳсҳо дар кумитаи Сено, сенатори демократ аз Вирҷиниёи Ғарбӣ Роберт Бирд сиёсатҳои Бушро дар Ироқ танқид кард. Ин собиқадори Сено, ки 49 сол боз узви он аст, гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз дарки сиёсатҳои ғалат ва стротеҷиҳои ғалат хаста шудааст.
XS
SM
MD
LG