Чечензан дар додгоҳ бар Русия пирӯз шуд

Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар Русияро муваззаф кард, ки ба шаҳрванди ҷумҳурии Чеченистон Зина Пухигова ба ҳайси ҷубронпулӣ барои зиёни маънавӣ 35 ҳазор евро пардохт кунад.
Додгоҳ мақомоти Русияро дар беному нишон ғайб задани шавҳари Пухигова – маъюби дараҷаи аввал Салмон Абдулазизов дар Чеченистон дар соли 2001-ум айбдор донист. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои федеролӣ Абдулазизовро дар манзилаш дар деҳаи Гойтӣ боздошт карда, бо худ бурданд. Сарнавишти ӯ то ҳанӯз маълум нест.

Беному нишон ғайб задани одамон дар Чеченистон ба як амри маъмул табдил шудааст. Ва аммо созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар гузориши ахири худ оид ба поймолсозии ҳуқуқи мардуми Чеченистон таваҷҷуҳро ба дигар мавзӯъ ҷалб кардааст – ба мавзӯъи ба оташ кашидани манзили хонаводаҳое, ки нафаре аз аъзои он ба гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат пайвастаанд.

Ин гузориш ахиран дар шаҳри Маскав муаррифӣ шуд. Human Rights Watch бо нашри гузориш аз мақомоти Русия ва Чеченистон даъват кардааст, ки ба хатми сӯзонидани манзилҳои афроди гумонбар дар узвият ба гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ мусоидат ва созмондиҳандаҳои ин гуна ҳамлаҳоро муҷозот кунанд.

Дар гузориши ахири ин созмони дидбони ҳуқуқи башар омадааст, соли 2008 мақомоти Чеченистон, аз ҷумла раисиҷумҳур Рамазон Қодиров, дар маҳзари ом ваъда карданд, ки агар пайвандони мусаллаҳони мухолифи ҳукумат фарзандони худро барои ба замин гузоштани силоҳ водор насозанд, худи онҳо мавриди таъқибу қарор хоҳанд гирифт.

Рафтори хадамоти қудратӣ зимни ба оташ кашидани манзилҳои пайвандони афроди мусаллаҳ ин гуна тасвир шудааст – шабона кормандони ниқобпӯши умури дохилӣ дар мошинҳо канори манзил ҷамъ меоянд ва зери мили силоҳ ҳама маскунони онро берун мекунанд. Баъд аз ин хона оташ зада мешавад ва кормандони умури дохила ба соҳибони он ваё ҳамсояҳо барои хомӯш кардани оташ имкон намедиҳанд.

Ба иттилои Human Rights Watch, тайи як соли ахир – аз моҳи июни соли 2008 то ба имрӯз - кормандони ҳифзи тартиботи Чеченистон дар сартосари ин ҷумҳурӣ 26 манзили пайвандони афроди мусаллаҳро оташ заданд. Гуфта мешавад, ки охирин ҳодисаи ба оташ кашидани манзили волидайни як мусаллаҳи мухолифи ҳукумат субҳи барвақти рӯзи 18 июн дар деҳаи Энгелюрти ноҳияи Гудермес сурат гирифт.

Зимнан, кормандони умури дозила ба афроди осебдида ҳушдор додаанд, ки дар ин бора ба ҷое шикоят набаранд, дар сурати акс онҳоро паёмадҳои ногувортар интизор хоҳад буд.

Рӯзи 1-уми июл дигар созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар - Amnesty International гузорише нашр кард, ки тибқи он шурӯъ аз замони ҷанги аввали Чеченистон дар соли 1994 дар қаламрави ин ҷумҳурии қафқозӣ тақрибан 60 гӯри дастаҷамъӣ ошкор шудааст.