Аз замони имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ 12 сол сипарӣ мешавад, аммо то ба ҳол баҳсҳо рӯи он идома дорад.
Аз ҷумла дар бораи авомиле, ки ҷонибҳоро водор кард, то сулҳ кунанд. То ба ҳол ақидаҳои маъмул ин буд, ки ин иродаи шахсии раҳбарони ду тараф ва иттифоқи назару мавқеи онҳо сари тақсими қудрат буд ва иддаи дигар бар ин андешаанд, ки агар Русияву Эрон фишор намеоварданд, ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ сулҳ намекарданд. То ба ҳол дар ин маврид рушан дар маҳфилҳои сиёсии ғайрирасмӣ сӯҳбат мешавад.
Ҳамчун чанд соли ахир намояндагони ҷониби ИНОТ-и собиқ аз он изҳори нигарони мекунанд, ки расонаҳои давлатӣ ҷониби мухолифинро қариб, ки ёдовар намешаванд ва ба назар мерасад, ҷониби сулҳ танҳо як тараф ва он ҳам ҳукумат аст. Аммо ҳоло дар сатҳи расмӣ мегӯянд, ки сулҳ дастоварди худи мардум буд.
Ахиран Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ин нуқтаро таъйид кард. Бо ин вуҷуд авомиле, ки ҷонибҳоро ба сулҳ расониданд, кадомҳо буданд?
Сабабҳои мусолиҳаи ҷонибҳои даргир дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 ба охир расид, то ба ҳол яке аз мавзӯъҳои баҳси маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон аст. Агар қаблан коршиносон дар бораи ин сабабҳо сӯҳбат мекарданд, ҳоло афроди расмӣ ва ширкаткунандагони бевоситаи ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз собиқ раҳбарони ИНОТ ва ҳоло узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, се омили аслии сулҳи тоҷиконро зикр мекунад ва инҳо, қабл аз ҳама ҳифзи ваҳдати мардум ва тамомияти марзии Тоҷикистон, масъулиятшиносии роҳбарони ду ҷониб ва вазъи Афғонистон мебошанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд, «хусусан вазъияти Афғонистон моро маҷбур кард, ки сарфи назар аз он, ки соли 1996 Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик пешравиҳои зиёд дошт, ба сулҳ розӣ шавем. Ҳатто дубора органҳои давлатӣ дар он ҷо ташкил шуданд. Бо ҳамин гузашти ниҳоят муҳим аз ҷониби мухолифин шуд. Ба фикри ман, саҳми Ҷумҳури Исломии Эрон дар ба имзо расидани санади сулҳи тоҷион 80 дарсад аст нисбат ба дигар кишварҳои нозири музокироти тоҷикон. Яъне он масъулияте, ки ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон дошт, Русия надошт. Баъдан нақши Бурҳониддин Раббонӣ - раисичумҳури вақти Афгонистон ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд низ дар бо ҳам омадани ҷонибҳои Тоҷикистон муҳим аст».
Муҳамадшариф Ҳимматзода, аз раҳбарони вақти мухолифин ва ҳоло раҳбари маънавии ҲНИТ, мегӯяд, сарфи назар аз бартарии низомӣ ИНОТ оташбасро дастгирӣ кард ва барои созишномаи Хустдеҳ замина сохт.
Вай меафзояд, «Созишномаи Хустдеҳ дар ҳоле ба имзо расид, ки ҷониби мухолифин дар ҷабҳаҳо ва дар майдони муҳорибаҳо нисбат ба ҳукумат бартарӣ дошт. Азбаски мухолифин дар воқеъ хоҳони сулҳ буданд, Сайид Абдулоҳи Нурӣ дар чунин ҳолати пешрави дастур ба оташбас ва ақибнишини дод. Ва Созишномаи Хустдеҳ ба имзо расид».
Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, агар мардуми Тоҷикистон сулҳ намехост, бо розигии танҳо ду роҳбар - Сайид Абдуллои Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон - сулҳ кардан имконнопазир буд. Вай афзуд, агар ду роҳбар сулҳ намекарданд, миёни халқ беобрӯ мешуданд, аз ин хотир сулҳро аввал мардум баъд Сайид Абдуллои Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон карданд.
Шодӣ Шабдолов гуфт, «сулҳро яктараф баҳо додан хатои маҳз аст. Чунки мо низ дар ин сулҳ саҳм дорем, минтақа ба минтақа бо мардум сӯҳбатҳо мекардем. Мардум эҳсос кард, ки агар ин ҷанг идома ёбад, Тоҷикистон аз байн меравад. Саҳми ҳар ду тараф аст, аз ҳама зиёд саҳми Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро он вақт раисиҷумҳур буданд, инро касе инкор карда наметавонад».
Қаблан ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бештар ишора бар ин мекард, ки дар сулҳ саҳми бештар дорад ва солҳои ахир исми Сайид Абдуллои Нурӣ, рахбари мухолифин, ки ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Созишномаи сулҳро имзо карда буданд, гирифта намешавад. Дар ин маврид ҷонибдорони мухолифини собиқ чанд маротиба шикоят ҳам карда буданд. Аммо ҳангоми нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Екатеринбурги Русия Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сулҳ на маҳсули ранҷи ӯ, балки халқи тоҷик аст.
Ҳамчун чанд соли ахир намояндагони ҷониби ИНОТ-и собиқ аз он изҳори нигарони мекунанд, ки расонаҳои давлатӣ ҷониби мухолифинро қариб, ки ёдовар намешаванд ва ба назар мерасад, ҷониби сулҳ танҳо як тараф ва он ҳам ҳукумат аст. Аммо ҳоло дар сатҳи расмӣ мегӯянд, ки сулҳ дастоварди худи мардум буд.
Агар мардуми Тоҷикистон сулҳ намехост, бо розигии танҳо ду роҳбар - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон - сулҳ кардан имконнопазир буд. ... аз ин хотир сулҳро аввал мардум, баъд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон карданд ...
Сабабҳои мусолиҳаи ҷонибҳои даргир дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 ба охир расид, то ба ҳол яке аз мавзӯъҳои баҳси маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон аст. Агар қаблан коршиносон дар бораи ин сабабҳо сӯҳбат мекарданд, ҳоло афроди расмӣ ва ширкаткунандагони бевоситаи ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз собиқ раҳбарони ИНОТ ва ҳоло узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, се омили аслии сулҳи тоҷиконро зикр мекунад ва инҳо, қабл аз ҳама ҳифзи ваҳдати мардум ва тамомияти марзии Тоҷикистон, масъулиятшиносии роҳбарони ду ҷониб ва вазъи Афғонистон мебошанд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд, «хусусан вазъияти Афғонистон моро маҷбур кард, ки сарфи назар аз он, ки соли 1996 Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик пешравиҳои зиёд дошт, ба сулҳ розӣ шавем. Ҳатто дубора органҳои давлатӣ дар он ҷо ташкил шуданд. Бо ҳамин гузашти ниҳоят муҳим аз ҷониби мухолифин шуд. Ба фикри ман, саҳми Ҷумҳури Исломии Эрон дар ба имзо расидани санади сулҳи тоҷион 80 дарсад аст нисбат ба дигар кишварҳои нозири музокироти тоҷикон. Яъне он масъулияте, ки ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон дошт, Русия надошт. Баъдан нақши Бурҳониддин Раббонӣ - раисичумҳури вақти Афгонистон ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд низ дар бо ҳам омадани ҷонибҳои Тоҷикистон муҳим аст».
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, мегӯяд, дар байни кишварҳои нозири музокирот саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар расидан ба сулҳи тоҷикон 80 дарсад аст
Оқои Тураҷонзода афзуд, Русия ва Эрон дар руйи кор омадани Сулҳи тоҷикон нақши муассир доштанд ва маҳз онҳо ҷонибҳоро водор карданд, ки сари мизи музокирот шинанд.Муҳамадшариф Ҳимматзода, аз раҳбарони вақти мухолифин ва ҳоло раҳбари маънавии ҲНИТ, мегӯяд, сарфи назар аз бартарии низомӣ ИНОТ оташбасро дастгирӣ кард ва барои созишномаи Хустдеҳ замина сохт.