Майкл Ҷексон даргузашт

Майкл Ҷексон дар нишасти хабарӣ. Лондон, 5-уми марти соли 2009

Майкл Ҷексон – ситораи мусиқии маҳбуб дар ҷаҳон дар синни 50-солагӣ бар асари бемории қалб дар шаҳри Лос-Анҷелес даргузашт.
Майкл Ҷексон – ситораи мусиқии маҳбуб дар ҷаҳон бар асари бемории қалб дар шаҳри Лос-Анҷелес даргузашт.
Рӯзномаи Лос Анҷелес Таймс гузориш дод, ки ҳангоми расидани табибон ба хонаи Майкл Ҷексони 50-сола ӯ алакай нафас намегирифт.

Гуфтанист, баргаштани Шоҳи поп ба саҳна дили миллионҳо нафар мухлисонашро шод карда буд ва худаш бошад ин шабу рӯз барои баргузории консертҳои наве дар Лондон омодагӣ мегирифт.

Таронаҳои Майкл Ҷексон дар саросари ҷаҳон миллионҳо шунаванда дошт ва 13 таронаи ӯ дар Амрико таронаи рақами аввал ба ҳисоб меравад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Майкл Ҷексон месарояд...



Хабари марги Майкл ҳазорҳо мухлисони амрикоияшро нороҳат кард. Хонум Такако, ки ҳамсоли Майкл аст, мегӯяд дар замони ҷавониаш ӯ низ чун дигар ҳамсолонаш ба ситораи попи ҷаҳон мухлиси карда ҳар баромаду нашри таронаҳояшро бесаброна интизори мекашидааст. Ӯ мегӯяд дар марказҳои дилхуши ҷавонони зиёд ба тарзи либсопуши ва раксҳои Майкл тақлид мекарданд:

“Ман майкл Ҷексонро дӯст медоштам, чун ӯ хеле хуб мерақсиду месуруд. Аммо ман уро танҳо чун ситора дӯст медоштам. Ҳамчун инсон ӯ маро ноумед кард. Чун тарзи зиндагии шахсии ӯ ба ман аслан писанд набуд. Зиндагии саҳнаи ва ҳаёти шахсии ӯ комилан ду чизи ба ҳам мухолифанд. Хабари марги ӯ маро албата ғамгин кард. Ҳар нафаре ки фавтад ман ғамгин мешавам, чун умре ба поён мерасад. Ба вижа ситораи ҷаҳоне ба мисли ӯ”

Хонум Лена сокини дигари Ню Йоркро хабари марги Майкл таккон дод ва ӯ мегӯяд, марги ҳунарманди асил марги воқеъияш нест, балки ӯ дар қалби мухлисонаш то абад зинда хоҳад монд:

“Ӯро ҳатман ёд хоҳанд кард, ӯ сароянда ва раққоси хуб буд. Дар саҳна ӯ ин ҳамаро хеле зебо муаррифи мекард. Дар аёми ҷавони мо ӯро хеле зиёд тамошо мекардем. Барои ҷавонон мактаби хуби ҳунари ҳам буд. Ёд меорам, ки хеле чусту чолок буд. Чи кор мекунем, зиндагӣ ҳамин аст”

Майкл Ҷексон ки аз хурди орзуи машҳур шуданро дошт, бо истеъдоди нотакрори сарояндагӣ ва рақосиаш то ба унвони Шоҳи поп расида, баъдан дар гирдоби низою овозаҳои гуногуни ҳаёти шахсиаш аз олам чашм пушид.

Марги Майкл Ҷексон анҷоми фоҷеъаангезест ба шуҳрати тулонии 30 солааш, ки ҳанӯз аз солҳои 1980 ба қуллаи баландтарин расидаву, барои пайванди оҳангҳои сиёҳу сафед, ки одамонро ба нажодҳо ҷудо мекард замина гузошт.
Мухлисонаш мегӯянд дар солҳои 80 ум фитаҳои таронаҳои Майкл Ҷексон ба маротиб бештар аз чиптаҳои консертҳояш харидори мешуданд.

Албоми ӯ бо номи Триллер, ки соли 1982 нашр шуда буд, бо беш аз 26 миллион нусха ба фуруш рафта, то ба имрӯз яке аз албомҳои серхаридортарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. гуфтанист таронаҳои Beat it ва Billi Jin аз маҳбубтарин таронаҳои албоми Трилер буда, дили мухлисони Майклро ба шуру шар овардаанд.

Сирри мувафақияти Майкл на танҳо дар садои ширадору дилчасп балки дар ҳаракоти, ларзону шикаста ва орому афсункунандааш буд. Дар рақсҳояш мухлисон ҳам нафари ошиқ ва ҳам шахси ҷасуру нотарсро медиданд ва ин ҳама миллионҳо нафарро ошиқи ҳунараш сохт.

Бо гузашти замон ӯ ба чеҳраи ҷолиб табдил ёфт. Бо ба амал овардани ҷарроҳии плостики ранги пусташ сафедтару, биниаш бориктар гардид. Солҳои ахири зиндагиашро дар иҳотаи кудакон мегузаронид ва маҳз ҳамин машғулият ӯро ба гирдоби мушкилоту низоъҳои ахири ҳаёташ бурданд.

Ҳарчанд, соли 2005 ӯро ки ба суистифодаи як бачаи 13 солаи гирифтори саратон муттахам мекарданд, додгох Майклро бегунох эълом кард, вале ин казия сабаби рехтани обруяш шуд ва мушкилоти молии фаровонеро барои Шоҳи поп ба бор овард.