Дар Амрико ба руйдодҳои Эрон дар баробари коршиносон ва сиёсатмадорон ҷавонони оддӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Ба андешаи аксари онҳо, ки аз таҳаввулоти Эрон тариқи Интернету телевизион пайгирӣ мекунанд, раҳпаймоии ҷавонони эронӣ нишони хости онҳост барои расидан ба озодиҳои фаровону барқарор шудани ҳуқуқи сиёсии онҳо.
Ба бовари Брендӣ, як ҷавони 21-солаи сокини Ню Йорк, эътирози он бахши ҷавонони эронӣ, ки аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд, шояд пурра ба фоидаи онҳо наанҷомад, вале ин амали онҳо барои ҳушдори режими Ҷумҳурии Исломӣ муҳим аст, ки дар оянда аз роҳ додани бозиҳои сиёсӣ бо шаҳрвандонашон андеша кунанд. Брендӣ мегӯяд, бо ин амали хеш ҷавонон собит сохтанд, ки онҳо хомуш нестанд ва метавонанд, дар якҷоягӣ алайҳи беадолатию зӯровари садо баланд кунанд.
Брендӣ гуфт, “мардум дарк мекунанд, ки агар дар якҷоягӣ оид ба масъалае изҳори назар кунанд, воқеан садои онҳо низ метавонад таъсире дошта бошад. Агар ҳатто барои ҳалли масъала муваффақ ҳам нашаванд, онҳо аллакай тавонистаанд таваҷуҳи ҳукумат ва ҷомеъаро ба ин масъала ҷалб кунанд ва медонанд, ки дар оянда тағироте хоҳад шуд. Ин хеле муҳим аст. Ба назари ман, дар Эрон эҳтимоли ба вуҷуд омадани инқилоб вуҷуд дорад, чун мардум ба он омода аст”.
Тонӣ, ҷавони дигари 21-сола, мегӯяд, агар мардум аз ҳукумати хеш розӣ бошанд, он гоҳ онҳо ба баъзе аз қонуншиканиҳо ё дуруғи мақомот мувақаттан чашм мепӯшанд ва аммо косаи сабри онҳо, ки лабрез шуд, барои дифоъ аз ҳуқуқи хеш мубориза хоҳанд бурд. Ба андешаи Тонӣ, мардум бо иштирок дар интихобот раванди сиёсии кишварашоноро таъин мекунанд ва чун аз ҳамин имконят маҳрум мешаванд, онҳо ба ғазаб меоянд.
Мусоҳиби дигарам Бен, ки 34 сол дорад, гуфт, ҳукумати Эрон бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот ва хомуш кардани хатҳои васл бо телефону интернет таваҷуҳи ҷомеаи байнулмилалиро бештар ба худ ҷалб карда, норозигии мардумро нисбат ба ҳукумати феъли бештар кард. Аммо дасти ҳукумат пурзур аст ва бо пахши эътирозгарон, фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Бен мегӯяд, “ман фикр намекунам, ки эътирозгарон нерӯи кофӣ барои муборизаро дошта бошанд. Таври маъмул ба майдонҳо меоянд, ду се рӯз эътироз мекунанд, боз ба манзилҳояшон бармегарданд. Ман аз Амрико ба Эрон нигоҳ мекунам ва мебинам, ки ҳукумати феълии ин кишвар бо барномаҳои ҳастаии худ ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобили хеш барангехтааст. Ман ба мардуми Эрон эҳтиром қоил ҳастам, аммо ба назари ман, Аҳмадинажод марди дағал аст. Ман ва дӯстонам чунин фикр мекунем, ки аслан мушкилоти иқтисодии кишвар мояи нигаронии мардум шудааст”.
Имрӯз тавассути сомонаҳои мухталифи интернетӣ дидан мумкин аст, ки ҷавонони эронии муқими Амрико нисбати рӯйдодҳо дар ватани падариашон бетараф нестанд. Тавассути веблогҳову сайтҳои интернетии хусусӣ, сомонаҳои хабарӣ дидан мумкин ки баҳси ба куҷо кашида шудани эътирозҳо хеле зиёд дар миёни эрониҳои Амрико гарм шудааст.
Як бонуи 29-солаи эронӣ, ки аз 11-солагӣ бо волидонаш ба аёлоти Ютаи Амрико ҳиҷрат кардааст, дар як сайти интернетӣ ҳамватанони эрониашро ба баргузории раҳпаймоӣ ба нишони пуштибонӣ аз ҷавонҳои Эрон даъват кардааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки ба нишони эътироз аз адами озодиҳои сиёсӣ дар Эрон либоси сабз, ки ҳамранги парчами ин кишвар аст, ҳамчун рамзи ин раҳпаймоӣ интихоб шавад.
Аммо бо ин вуҷуд, дар бархе аз сомонаҳои интернети кам ҳам бошад андешаҳое низ ба чашм мерасанд, ки муаллифонаш аз Аҳмадинажод тарафдорӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, Аҳмадинажод кишварашро чун кишвари пурзур ва мутараққии исломӣ муаррифӣ кардааст ва аз пирӯзии дуюмбораи ӯ хушҳоланд.