Дархости ислоҳталабон аз ҳукумати Эрон

Номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳур ва ду гурӯҳи ислоҳталаби Эрон аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ба дархостҳои онҳо гӯш бидиҳад. Меҳдӣ Каррубӣ - номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур дар баёнияе аз ҳукумат хост, то натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи 12 июнро лағв ва интихоботи нав баргузор кунад. Ӯ ҳамчунин хостори рӯзи мотами миллӣ ба хотири қурбониёни тазоҳуротҳои ахир дар Эрон шуд. Маҷмаъи Рӯҳониёни Мубориз ба раҳбарии Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Гурӯҳи Мушорикат низ бо нашри баёнияе, натиҷаҳои эъломшудаи интихоботи Эронро рад ва аз Мирҳусайн Мӯсавӣ - номзади шикастхӯрдаи интихобот ва пешвои тазоҳургарон ҳимоят кардаанд.