Шӯрои нигаҳбони Эрон ҷаласа мекунад

Бо вуҷуди ҳушдори Шӯрои нигаҳбон ба Мирҳусейни Мусавӣ-номзади мағлуби интихоботӣ то ҳол рӯшан нест, ки эътирозкунандагон барои идомаи тазоҳурот ба кӯчаву хиёбонҳо хоҳанд омад ё хайр. Номзади мухолифон дар сомонаи худ гуфтааст, вай дар соатҳои наздик ба ҷонибдоронаш паёме хоҳад фиристод. Дар ҳамин ҳол, Меҳдии Каррубӣ-номзади дигари интихоботӣ ба матбуоти Ғарб гуфтааст, ки барои рӯзи шанбе тазоҳуроти қаблан барномарезишуда лағв нашудааст.