Дониёл Аҳмадов, вазири дифои Қазоқистон, бо фармони Нурсултон Назарбоев аз мансаб барканор карда шуд.
Бисёр коршиносон ва аҳли назар тасмими сарвари Қазоқистонро ба моҷароҳои дар ин вазоратхона сарзада марбут медонанд. Зеро чанде қабл Ҳоҷимурод Маерманов, муовини вазири дифоъ, боздошт гардид.
Ӯро барои сӯиистифода аз мансаб ҳангоми имзои қарордод бо ширкати исроилӣ дар мавриди хариди силоҳ муттаҳам мекунанд.
Алъон Ҳоҷимурод Маерманов дар боздоштгоҳи муваққатии кумитаи амнияти миллии кишвар нигоҳ дошта мешавад. Вале чанд рӯз қабл ҳангоми бозпурсӣ вай бо миқроз гардани хешро бурида худкушӣ карданӣ шуд.
Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳи низомӣ рӯзи 11 июн Анварбек Уразалинов, сарвари саридораи сохтмон ва таъмини манзили вазорати мудофиа, бо иттиҳоми хисорати маблағи зиёд ба зиндон андохта шуд ва алъон ӯ низ мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Генерал-майор Асхат Шойинбоев - раиси Донишгоҳи миллии дифоъ низ барои сӯиистифода аз мансаб бо ҳукми додгоҳ ба муддати чаҳор сол равонаи зиндон гардид.
Сиёсатшинос Айдос Саримов мегӯяд, ки чунин тахаллуфкориҳо ва ҷиноёт, ки дар вазорат зиёд ошкор гардидааст, боиси аз мансаб сабукдӯш гардидани Дониёл Аҳмадов шуд ва ин амри воқеӣ буд. Ин дар ҳолест, таъкид мекунад сиёсатшинос, «дар кишварҳои пешрафта агар як муовин ва чанд мансабдор боздошт ва ҳабс карда шаванд, худи вазир бояд аз мансаб истеъфо медод».
Вале мавзӯи дигар ин аст, ки аз мансаб дур кардани вазир дар ин вазоратхона фасодро коҳиш хоҳад дод ё хайр. Сиёсатшинос Айдос Саримов мегӯяд, ки якеро аз мансаб дур карда, дигареро ба ҷои он овардан илоҷи кор нест ва аз ин фасод дар ин ниҳоди давлатӣ коҳиш нахоҳад ёфт. Ҷиҳати коҳиш додани фасод, таъкид мекунад сиёсатшинос, фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ва қарордодҳое, ки дар он ҷо ба имзо мерасанд, бояд шаффоф ва дастраси ҳамагон бошанд.
Азимбой Ғалӣ, сиёсатшиноси дигари қазоқ, бошад, дар бораи сарнавишти минбаъдаи вазири дифоъ изҳор мекунад, ки албатта, ҳамаашро додгоҳ муайян хоҳад кард, вале агар бо фасод олуда будани вазири собиқ собит гардад ва чун фасодкорӣ ҷинояти вазнин аст, имкон дорад вай чанд сол маҳкум ба зиндон гардад.
Вале генерал- майори мустаъфӣ Амирбек Тогусов, собиқ муовини вазири дифоъ, бар ин аст, ки Нурсултон Назарбоев ба ҳамсафи деринаи хеш чандон номеҳрубонӣ нахоҳад кард ва ба вай боз ягон мансаби поинтареро хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки Дониёл Аҳмадов ба вазирии дифои кишвар баъди сарвазирӣ таин шуда буд ва ин таинотро коршиносон ду сол қабл чун нокомии ӯ дар мансаби сарвари ҳукумат арзёбӣ карда буданд. Акнун ин собиқ сарвазир, тавре коршиносон мегӯянд, имкон дорад ба мансаби боз ҳам поёнтар фароварда шавад.
Алъон ба ҷои вай Мухтор Олтинбоев раиси кумитаи сарварони ситодҳо ва муовини аввали вазири дифоъ сарпараст таин гардидааст. Мухтор Алтинбоев низ қаблан ду дафъа дар курсии вазири дифоъ буд. Вай 7 сол қабл, вақте моҷарои фасод ҳангоми фурӯши ҳавопаймоҳои МИГ ба Куриёи Шимолӣ сар зад, аз мансаби вазири дифоъ барканор карда шуда буд. Вале баъдтар ӯ боз дубора ин мансабро соҳиб гардид ва ду сол қабл Нурсултон Назарбоев ӯро сабукдӯш карда ба ҷояш Дониёл Аҳмадов - шахси ғаййринизомиро вазири дифоъ таин карда буд.
Акнун эҳтимоли бори сеюм ба ин мансаб таин шудани Мухтор Олтинбоев ба миён омадааст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар моҳи апрел ӯ ва Ҳоҷимурод Маермановро, ки ҳоло дар маҳбас аст, ба таври қатъӣ сарзаниш карда буд.