Доминик Стросс Кан, мудири иҷроии Сандуқи байнулмилалии пул (СПБ), рӯзи сешанбе барои аввалин бор вориди Душанбе хоҳад шуд.
Як масъули намояндагии Сандуқи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард, аммо дар тафсилоти он танҳо гуфт, ки рӯзи 17 июн оқои Стросс Кан бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад ва тайи нишасти матбуотӣ бақияи ҷузъиёт ироа хоҳад шуд.
Сафари райиси иҷроияи Сандуқи байнулмилалии асъор дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи апрели гузашта Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои аудити аз сӯйи «Эрнст энд Ёнг», як ширкати бритониёӣ, анҷомёфтаи бонкро нашр кард ва Сандуқ ҳамкориҳояш бо Тоҷикистонро аз сар гирифт.
Як соли қабл Сандуқи байнулмилалии асъор ҳамкориҳояш бо Тоҷикистонро қатъ карда буд. Далели ин тасмим ҳам ҷой доштани ҳафт далели қаллобӣ дар фаъолияти Бонки Миллӣ буд, ки бо пешниҳоди асноди тақаллубӣ аз Сандуқ 47 миллион доллари амрикоӣ маблағ дарёфт кардааст. Он замон Сандуқ тақозои гузаронидани аудити аз Бонки Миллии Тоҷикистонро кард.
Аудити аз сӯйи «Эрнст энд Ёнг», як ширкати бритониёӣ ошкор кард, ки Муродалӣ Алимардон, раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон, зиёда аз 850 миллион долларро ба ширкатҳои хешону наздиконаш ва гурӯҳи хурди афрод интиқол додааст ва боз 221 миллиону 500 ҳазор доллар, ки дар солҳои 2004-2007 ба соҳаи пахтакорӣ сармоягузорӣ шудаанд, аз ҳисобу китоб берун мондаанд.
Баъд аз нашри ин гузориши ширкати бритониёӣ Сандуқи байнулмилалии асъор ҳамкориҳояш бо Тоҷикистонро аз сар гирифт ва сафари Доминик Стросс Кан, раиси иҷроияи Сандуқ, дар ҳоле сурат мегирад, ки натиҷаҳои аудит ба ҳукумати Тоҷикистон ва дар навбати худ ҳукумат онро ба баррасии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардааст.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки миллии Тоҷикистон, ин хабарро ба Радиои Озодӣ таъйид кард. Қаблан, дақиқтараш моҳи апрел Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ба расонаҳои кишвар изҳор дошта буд, ки баррасии аудит ба салоҳияти Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод аст ва Шерхон Салимов, раиси қаблии ин Оҷонс, гуфта буд, ки ниҳодаш то кунун натиҷаҳои аудитро расман дарёфт накардааст.
Ҳоло аз Додситонии кулл ва Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод касе омода нашуд ба мо таъйид ё такзиб кунад, ки инак натиҷаҳои аудит ба ин ниҳодҳо расидааст ё на.
Коршиносон мегӯянд, хулосаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз натиҷаҳои аудит собит хоҳад кард, ки Тоҷикистон ба кадом арзишҳо эҳтиром мегузорад, яъне арзишҳои давлати демократӣ, ё клептократӣ - давлате, ки раҳбарияташро манофеи иқтисодӣ ба ҳам овардааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ наҳоҳанд гузошт, ки яке аз худро қурбон кунанд.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, баррасии натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ин суолро пеши ҷомиаи Тоҷикистон мегузорад.
Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои баррасии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ равобити Сандуқи байнулмилалии асъор ва Тоҷикистон низ равшан хоҳанд кард, яъне оё сандуқ 120 миллион доллар сармояи ваъдагиашро хоҳад дод ё на? Онҳо мегӯянд, ин мавзуи аслии сӯҳбати Доминик Стросс Кан, раиси иҷроияи Сандуқи байнулмилалии асъор, бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд.