Ҳалокати афсари тоҷик дар Сағирдашт

Як афсари Вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифааш дар Сағирдашт ба ҳалокат расидааст.
Ҷасади Абрибод Алишаев, як афсари вазорати дифоъи кишвар бо нишонаи се тир дар зодгоҳаш-деҳаи Басиди ноҳияи Рушон ба хок супурда шуд.

Намояндагони мақомот, ки ҷасадро ба аҳли хонавода ва хешовандонаш супурдаанд, дар маросими дафн изҳор доштаанд, ки афсар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар наздикии маҳалли Пуштароғи деҳоти Сағирдашт аз тири афроди ғайриқонунии мусаллаҳ ба ҳалокат расидааст.

Аммо дар бораи он ки ин афрод кӣ будаанд, мушаххасан чизе гуфта нашуд.

Комиссари ҳарбии вилоят, Зафар Давлатов, ки дар раъси намояндагони мақомот қарор дошт, гуфт , ки афсар ба зарби гулӯла кушта шудааст ва барои корнамоияш ба мукофоти давлати пешниҳод гардидааст. Вай аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол афроде, ки дар маросими дафн ширкат карданд, ба нақли аз намояндагони мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ба ҳангоми бо силоҳи "Град" мушакборон кардани минтақаи кӯҳсори наздик ба Тавилдара ва аз назар гузаронидани он аз тарафи сарбозону афсарон Абрибод, ки пешопеш ҳаракат доштаааст, ҳадафи тири снайпери гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ қарор гирифтааст.

Гулнамо Маҳрамова, яке аз хешовандони афсари марҳум мегӯяд, ки баҳори ҳар сол Абрибод рухсатӣ гирифта, ба хона меомад, вале имсол ҳатто сари болини модараш ҳам, ки се рӯз пеш аз хабари маргаш реҳлат намуд, ҳозир шуда натавонистааст.

Ба гуфтаи Гулнамо нишонаи яке аз се тир дар пушт намоён буда, бинобар ин ҳолат бархе аз ҳамдеҳагон гумонбар шудаанд, ки шояд афсар мавриди тири тасодуфии ҳамяроқонаш қарор гирифта бошад.

Аммо комиссари ҳарбии вилоят ин иддаоъро қатъиян рад карда гуфт, ки колбадшикофӣ ва осебшиносии ҷасад низ собит сохтааст, ки афсар аз масофаи наздик ҳадафи тири афроди ғайриқонунии муссаллаҳ қарор гирифта, ин тирҳо баданро сӯрох карда, гузаштаанд.

Ҷасади афсар дар ҳоле ба хок супорида шуд, ки манбаъҳои расмӣ мавҷудияти афроди мусаллаҳродар манотиқи назди Помир рад мекунанд.

Аз сӯи дигар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз дар рӯзҳои охир аз ҳисоби нерӯҳои марзбонӣ ва умури дохилӣ тақвият ёфта, роҳҳои убуру мурур бо маркази ҷумҳурӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» таҳти назорат гирифта шуданд.