Аз субҳи имрӯз мардуми Эрон ба раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ карданд, ки чаҳор нафар дар он рақобат доранд.
Чилу шаш миллион нафар эронии бархурдор аз ҳаққи раъй бояд аз миёни чаҳор номзад якеро интихоб кунанд, аз ҷумла Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури тундрави феълӣ ва ё рақиби аслии ӯ номзади ислоҳталаб Мирҳусайни Мусавӣ, ки “ақлоният” ва озодиҳои бештаре ба мардуми Эрон ваъда додааст.
Номзадҳои дигар, Меҳдӣ Каррубӣ, раиси собиқи порлумон ва рӯҳонии ислоҳталаб ва Мӯҳсин Ризоӣ - фармондеҳи собиқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳастанд. Ҳарчанд рақобати аслӣ миёни Мӯсавӣ ва Аҳмадинажод хоҳад буд, аммо назархоҳиҳо дар Эронро мӯътамад намедонанд ва натиҷаҳои интихоботҳои гузашта ҳам ғайричашмдошт будаанд.
Рақибони Аҳмадинажод ӯро дар идораи нодурусти иқтисоди бемор ва дар инзиво гузоштани Эрон дар саҳнаи байнулмилалӣ муттаҳам мекунанд. Аммо ӯ мегӯяд, ки ҳукуматаш дастовардҳои зиёде дошта ва аз ҷумла Эронро “атомӣ” кардааст.
Қудратулло Алихонӣ - вакили ислоҳталаби порлумон ба Радиои Фардо гуфт, шавқи ҷавонони эронӣ ба интихоботи имсола беназир будааст. Аммо баъзе аз ҷавонони Эрон, ки сеяки аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, аз Маҳмуди Аҳмадинажод ҳимоят мекунанд.
Меҳдии Каррубӣ ҳам дар миёни ҷавонон тарафдори зиёд дорад, аз ҷумла бузургтарин, гурӯҳи донишҷӯёни ислоҳталаби Эрон, ки номзадии ӯро пешбарӣ кардааст. Номзадҳои ислоҳталаби Эрон интизор доранд, ки мардум бо ширкати фаъоли худ Маҳмуди Аҳмадинажодро аз курсии раёсати ҷумҳур маҳрум хоҳанд кард.
Комрон Донишҷӯ, раиси кумиссиёни интихоботӣ, гуфтааст, ҳузури мардум дар интихобот бесобиқа будааст. Айни замон тарафдорони Мирҳусайни Мусавӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ки бар асоси назархоҳиҳои онҳо, то 60 дарсади мардум ба ҷонибдории Мӯсавӣ раъй додаанд. Агарчӣ Алӣ Акбар Ҷавонфикр, як ёвари Маҳмуди Аҳмадинажод, ин гуфтаро як “ҷанги равонӣ барои таъсир гузоштан ба интихобот” хондааст.
Қарор аст, натиҷаҳои раъйдиҳиро пас аз 24 соат эълом кунанд ва агар ҳеҷ як номзад бештар аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст наовард, даври дуввуми интихобот сурат хоҳад гирифт. Таваҷҷӯҳ ба интихоботи Эронро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ ниҳоят зиёд аст, зеро барои сиёсати хориҷии ояндаи ин кишвар сарнавиштсоз хонда мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад