Додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии Тағойназар Солеҳов, бародари Муҳаммадназар Солеҳов - вазири пешини корҳои дохилаи Тоҷикистонро, ки ба ҷиноёти сангине, чун куштор ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, шурӯъ кард.
Алпамиш Акбаров, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, гуфт, ки Тағойназар Солеҳов, аз ҷониби мақомоти тафтишотии шаҳри Душанбе аз руи се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Аз ҷумла, Тағойназар Солеҳов, дар қатли додарарӯсаш Далер Фозилов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гумонбар мешавад, ки соли 1999 ӯро бо силоҳи навъи Калашников дар хонаи шахсиаш ба қатл расонидааст.
Бино ба маълумоти додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноии Тағойназар Солеҳов, ки аз 2 ҷилди беш аз 600 саҳифагӣ иборат аст, 10 сол пеш аз ин, боз шудааст. Аммо Тағойназар Солеҳов, баъд аз якуним моҳи барканоршавии бародараш аз симати вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар таърихи 14 апрели соли равон аз сӯи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Сайфиддин Сироҷзода, муовини аввали додситони шаҳри Душанбе, мегуяд, ба далели набудани шоҳидон ва исбот нашудани гуноҳ таҳқиқи ин ҳодиса то имрӯз давом дошт. Вале акнун бино ба иттилоъи Додгоҳи шаҳри Душаньбе шоҳидони ин ҳодиса пайдо шудаанд ва дар мурофиаи рузи панҷшанбе дар бораи Тағойназар Солеҳов шаҳодат додаанд.
Ҳарчанд, қаблан, масъулини додгоҳи шаҳри Душанбе, гуфта буданд, ҷараёни мурофиаи парвандаи Тағойназар Солеҳов кушод сурат мегирад ва ба матбуот иҷозаи ширкат дода мешавад, аммо ин мурофиа бо ширкати танҳо хешовандони Солеҳов сурат гирифт. Бархе масъулини додгоҳ ба рузноманигорон иҷозаи ширкат дар мурофиаро надоданд.
Дар ҳамин ҳол, Додарбек Абдуллоев ва Саидакрам Комилов, вакилони дифоъи Тағойнар Солеҳов ва хешовандони ӯ ба далели халал ворид накардан ба ҷараёни мурофиа аз шарҳи парванда худдорӣ карданд.
Тағойназар Солеҳов 56 сол дорад ва ахиран масъулияти раҳбарии терминали гумруки шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.
Бародари ӯ Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кули Тоҷикистон, раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Раҳмон ба шумор мерафт.
Мурофиаи парвандаи Тағойназар Cолеҳов рӯзи ҷумъа идома мекунад.